Мусоидати сафорат ба бозгашти 10 нафар тоҷикистониён ба ватан

Рӯзи 28 июни соли ҷорӣ 10 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҳудуди ҷумҳуриҳои Абхазия ва Осетияи Ҷанубӣ бо сабаби манъи вурудашон ба қаламрави Русия он ҷо дармонда буданд, бомуваффақият ба Ватан баргаштанд. Намояндаи расмии сафорати ҶТ дар Россия Муҳаммад Эгамзод дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки шаҳрвандони мазкур барои убур намудани сарҳад ба минтақаҳои сарҳадии […]

ASIA-Plus



Рӯзи 28 июни соли ҷорӣ 10 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҳудуди ҷумҳуриҳои Абхазия ва Осетияи Ҷанубӣ бо сабаби манъи вурудашон ба қаламрави Русия он ҷо дармонда буданд, бомуваффақият ба Ватан баргаштанд.

Намояндаи расмии сафорати ҶТ дар Россия Муҳаммад Эгамзод дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки шаҳрвандони мазкур барои убур намудани сарҳад ба минтақаҳои сарҳадии Россия ва Абхазия рафта, ҳангоми бозгашт бо сабаби манъ будани вурудашон ба ҳудуди Россия дигар ба ин кишвар роҳ дода нашуданд. Бар замми ин, бинобар набудани хатсайри мустақим байни Абхазия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, берун овардани шаҳрвандони Тоҷикистон имкон надошт. Дар натиҷа шаҳрвандони номбурда чанд муддат дар ҳудуди ҷумҳуриҳои Абхазия ва Осетияи ҷанубӣ қарор дошта, барои дарёфти кӯмак ҷиҳати бозгашт ба Тоҷикистон шахсан, инчунин тавассути Консули фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахри Краснодар ба Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия муроҷиат намуданд.

Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия рӯйхати шаҳрвандони муроҷиаткунандаро таҳия намуда, бо ҳар яки онҳо ва хешовандонашон тамоси телефонӣ барқарор намуд. Ҳамчунин, макони аниқи ҳамаи муроҷиаткунандагон муайян гардид.

Сипас, бо ёддошти дахлдор ҷиҳати дархости мусоидат ба Вазорати корҳои хориҷии Россия муроҷиат карда шуд. Дар ҷавоб ба дархости мазкур, ҷониби Россия ҷиҳати фароҳам овардани шароит барои убури транзитии шаҳрвандони дар Абхазия ва Осетияи Ҷанубӣ қарордоштаи кишвари мо аз тариқи қаламрави Россия изҳори омодагӣ намуд.

Ниҳоят, санаи 28 июни соли ҷорӣ бо ташаббуси Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва дастгирии бевоситаи ҷониби Россия, ҳамчунин дар ҳамкорӣ бо Консули фахрии Тоҷикистон дар шаҳри Краснодар, Дафтари Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Россия, Дафтари Раёсати СММ оид ба кор бо гурезагон дар Гурҷистон 10 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути хатсайри Сочи-Хуҷанд ба Ватан баргардонида шуданд.

Дар ин робита, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аз шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳиш менамояд, ки минбаъд аз сафар ба минтақаҳои наздисарҳадии Россия ва Абхазия ҷиҳати убури сарҳад худдорӣ намоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.