Ҳукумати Хатлон аз корхонаи «Обу корез» беш аз 175 ҳазор сомонӣ қарздор аст

Нашрияи шаҳрии «Набзи Қӯрғонтеппа» иттилоъ медиҳад, ки маъмурияти ҳукумати вилояти Хатлон ба корхонаи «Обу корези Қӯрғонтеппа» дар ҳаҷми 175 ҳазору 737 сомонӣ қарздор аст. Аз корхонаи мазкур дар ин робита зикр карданд, ки то соли гузашта маъмурияти ҳукумати вилоят барои истифодаи об дар як сол ҳамагӣ 12 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт карда, аз соли гузашта […]

Сайраҳмон Назриев



Нашрияи шаҳрии «Набзи Қӯрғонтеппа» иттилоъ медиҳад, ки маъмурияти ҳукумати вилояти Хатлон ба корхонаи «Обу корези Қӯрғонтеппа» дар ҳаҷми 175 ҳазору 737 сомонӣ қарздор аст.

Аз корхонаи мазкур дар ин робита зикр карданд, ки то соли гузашта маъмурияти ҳукумати вилоят барои истифодаи об дар як сол ҳамагӣ 12 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт карда, аз соли гузашта маблағи истифодаи об тибқи нишондиҳандаи ҳисобкунаки об муқаррар карда мешавад, ки ҳар моҳ беш аз 1 ҳазор сомонӣ ҳаққи пардохти обро сабт мекунад ва ин ҳам бидуни назардошти истифодаи об дар бӯстонсаро ва истгоҳи мошинҳои ҳукумат.

Қайд карда шуд, ки барои саривақт пардохт нашудани 128 ҳазору 824 сомонӣ маблағи истифодаи об, корхона аз болои литсейи тоҷикӣ-туркии шаҳри Қӯрғонтеппа ба суд шикоят бурдааст ва ин шикоят айни замон баррасӣ мешавад.

Зимнан зикр гардид, ки қарзи умумии истеъмолгарон назди корхонаи «Обу корези Қӯрғонтеппа» 1 млн. 802 ҳазору 51 сомониро ташкил медиҳад, ки қарзҳои аз ҳама бештар ба маъмурияти вилояти Хатлон – 175 ҳазору 737 сомонӣ, Донишгоҳи ба номи Носири Хусрав – 135 ҳазору 375 сомонӣ ва воҳиди пойгоҳи низомии 201-уми Русия мустақар дар Қӯрғонтеппа – 103 ҳазору 680 сомонӣ рост меоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.