Пешгӯии гармои шадид дар Тоҷикистон

Муассисаи обуҳавошиносии Тоҷикистон огоҳ мекунад, ки аз 1 июл ҳарорати ҳаво дар ҷумҳурӣ 7-12 дараҷа боло рафта, аз 1 то 5 июл дар кишвар обуҳавои софу хушк ва беҳад гарм дар назар аст. «Ин рӯзҳо ҳарорат дар водиҳои навоҳии тобеи марказ ва вилояти Суғд шабона – то 21-26, рӯзона – 38-43, вилояти Хатлон – шабона […]

Пайрав Чоршанбиев



Муассисаи обуҳавошиносии Тоҷикистон огоҳ мекунад, ки аз 1 июл ҳарорати ҳаво дар ҷумҳурӣ 7-12 дараҷа боло рафта, аз 1 то 5 июл дар кишвар обуҳавои софу хушк ва беҳад гарм дар назар аст.

«Ин рӯзҳо ҳарорат дар водиҳои навоҳии тобеи марказ ва вилояти Суғд шабона – то 21-26, рӯзона – 38-43, вилояти Хатлон – шабона 24-29, рӯзона – 40-45, ноҳияҳои Шаҳритӯсу Қубодиён ва Ҷиликӯл, Панҷ ва минтақаи Панҷи Поён – то 45-47 дараҷа гарм шуда, дар дарёҳои ғизогиранда аз ҳисоби захираҳои барф ва пиряҳо (дарёҳои Вахш, Панҷ, Бартанг, Варзоб, Зарафшон ва ғайра) эҳтимоли обхезӣ вуҷуд дорад», – омадааст дар маълумоти мутахассисони муассиса.

Зимнан зикр мегардад, ки танҳо дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ (наздикии дарёҳои Сурхоб, Хингоб ва болооби Панҷ) селфароиҳо аз ях (глятсилогӣ) дар назар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.