Ахири моҳи июл асноди ниҳоии лоиҳаи CASA-1000 ба имзо мерасанд

Ахири моҳи июли соли равон имзои намунаҳои ниҳоии созишномаҳои сохтмони хатти минтақавии барқ тибқи Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-1000) дар назар аст. Ин қарор дар вохӯрии Гурӯҳи кории муштараки лоиҳаи CASA-1000 дар Алмаато бо кишварҳои иштирокчии лоиҳа мувофиқа шудааст. Дар ин вохӯрӣ аъзои гурӯҳи кории ҳамаи чор кишвари […]

Пайрав Чоршанбиев



Ахири моҳи июли соли равон имзои намунаҳои ниҳоии созишномаҳои сохтмони хатти минтақавии барқ тибқи Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-1000) дар назар аст.

Ин қарор дар вохӯрии Гурӯҳи кории муштараки лоиҳаи CASA-1000 дар Алмаато бо кишварҳои иштирокчии лоиҳа мувофиқа шудааст.

Дар ин вохӯрӣ аъзои гурӯҳи кории ҳамаи чор кишвари иштирокчии лоиҳа, ҳамчунин намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд, ЮСАИД, Корпоратсияи байнулмилалии моливӣ, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ширкат варзидаанд, ки ба лоиҳа маблағгузорӣ мекунанд.

«Ҳамаи ниҳодҳои байнулмилалии молиявии дар вохӯрӣ ҳузурдошта дар бораи вазъи ҷории маблағгузорӣ ба қисматҳои гуногуни лоиҳа ва тақсимоти воситахо маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Аз ҷониби Гурӯҳи кории муштарак вазифаҳои нав ва сохтори нави эҳтимолии Котиботи Шӯрои байниҳукуматӣ барои марҳилаи амалисозии лоиҳа пешниҳод ва баррасӣ шуд», – иттилоъ медиҳад сомонаи расмии CASA-1000.

Ёдрас мекунем, ки тибқи лоиҳаи CASA-1000  сохтмони хатти интиқоли барқи минтақавӣ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон пешбинӣ мешавад.

Дар назар аст, ки нимаи аввали соли ҷорӣ паймонкори кулл барои амалисозии лоиҳа интихоб шуда, корҳои амалисозии лоиҳа бевосита моҳи июни соли равон оғоз шаванд.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва захирахои оби Тоҷикистон, қисмати тоҷикистонии лоиҳа аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ,

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд,

Бонки исломии рушд ва Фонди рушди Кувайт, ҳамчунин аз ҳисоби воситаҳои ҳукуматҳои ИМА ва Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад.

Қобили зикр аст, ки аз рӯи натиҷаҳои 

ҷаласаи навбатии Шӯрои байниҳукуматии лоиҳаи CASA-1000

, ки дар Истамбул доир гардид, рӯзи 24 апрели соли равон  як қатор созишномаҳои лоиҳавӣ ба имзо расиданд.

Даҳаи сеюми моҳи январи соли ҷорӣ иттилоъ дода будем, ки 

барои маблағгузорӣ

 ба амалисозии қисмати Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100) дар қаламрави кишвар, мақомоти Тоҷикистон сармоягузоронро дарёфт намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.