Низом Қосим парлумонро тарк мекунад

Дар Анҷумани 14-уми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, имрӯз, 30-юми июн дар шаҳри Душанбе Низом Қосим, вакили Маҷлиси намоядагони Тоҷикистон раҳбари нави ин ниҳод интихоб шуд. Дар кори Анҷуман ба ҷуз 400 нафар аъзои Иттифоқ, ҳамчунин кормандони Дастгоҳи иҷроияи президент, роҳбарони чанде аз вазорату идораҳо, намояндагони аҳли ҷомеа ва рӯзноманигорон ширкат варзиданд. Мутобиқи Оинномаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, […]

Аваз Юлдошев



Дар Анҷумани 14-уми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, имрӯз, 30-юми июн дар шаҳри Душанбе Низом Қосим, вакили Маҷлиси намоядагони Тоҷикистон раҳбари нави ин ниҳод интихоб шуд.

Дар кори Анҷуман ба ҷуз 400 нафар аъзои Иттифоқ, ҳамчунин кормандони Дастгоҳи иҷроияи президент, роҳбарони чанде аз вазорату идораҳо, намояндагони аҳли ҷомеа ва рӯзноманигорон ширкат варзиданд.

Мутобиқи Оинномаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, акнун собиқ раиси ин ниҳод шоир ва драматург Меҳмон Бахтӣ, ки аз соли 2004 сари ин мансаб қарор дошт, ваколатҳои худро месупорад.

Мебояд гуфт, тибқи қонун бинобар сабаби ба ин мансаб интихоб шуданаш, ваколатҳои Низом Қосим ба сифати вакил дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон қатъ карда мешаванд.

Аз КМИР Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки Низом Қосим аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ тибқи рӯйхати ҳизбии ҲХДТ вакил интихоб шуда, ба ҷойи ӯ бидуни баргузории интихоботи нав номзади минбаъда вакил таъин мешавад, ки ин шахс аъзои ҲХДТ Миралӣ Достиев, директори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ мебошад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.