Хатлон: Ҳалокати 2 шаҳрванди Русия дар садамаи нақлиёт

Бар асари як садамаи нақлиёт, ки рӯзи 29 июн дар роҳи мошингарди Қӯрғонтеппа – Кӯлоб дар қаламрави ноҳияи Данғара рух дод, ду шаҳрванди Русия ба ҳалокат расиданд. Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса менависад, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, марди 24-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат бо ин роҳ аз уҳдаи идора кардани воситаи […]

ASIA-Plus



Бар асари як садамаи нақлиёт, ки рӯзи 29 июн дар роҳи мошингарди Қӯрғонтеппа – Кӯлоб дар қаламрави ноҳияи Данғара рух дод, ду шаҳрванди Русия ба ҳалокат расиданд.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса менависад, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, марди 24-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат бо ин роҳ аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаашро ба таги пули обгузар ба чуқурии 8-метр чаппа кардааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷа мусофирони автомашинаи мазкур, ду шаҳрванди Русия: марди 27 ва 26-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ҳалок ва ронанда ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳамчунин, дар ин рӯз, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, марди 46-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Бӯстон-Чанок дар ҳудуди ноҳияи Мастчоҳ аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2106”, таҳти идораи ронанда, марди 35-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ бархӯрдааст, ки дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2106” ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофири автомашинаи мазкур, ноболиғ, писарчаи 9-сола, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.