Тоҷикистонии 10-сола метавонад ба Китоби рекордҳои Гиннес шомил гардад



Зодаи 10-солаи Тоҷикистон Далер Ҳукумов, ки дар вилояти Маскав иқомат дорад, метавонад ба шомил гардидан ба Китоби рекордҳои Гиннес довталабӣ кунад.

Тавре дар гурӯҳи RAMIS NEWS дар Фейсбук дар ин робита қайд мешавад,

тафовути хоси

Далер аз ҳамсолонаш дар он ифода меёбад, ки аз синни 3-4-солагӣ ӯ ба якчанд навъи варзиш, аз ҷумла дзюдо, самбо, самбои ҳарбӣ ва ғайра машғул шуда, шумори ҷоизаҳои ӯ дар мусобиқаҳои гуногун 100 медал, аксаран тиллоро ташкил медиҳанд.

Мураббии Далер падараш Муқим Ҳукумов, шаҳрванди Русия мебошад, ки ӯ низ варзишгар буда, айни замон ба ҳайси мураббии варзишӣ дар яке аз воҳидҳои махсус кор мекунад.

Ба гуфтаи наздикони Далер, ӯ ба туфайли тамринҳои ҳамарӯза, иродаи қавӣ ва шароитҳои аз ҷониби волидонаш фароҳамоварда ба чунин дастовардҳо ноил гардида, ҳамчунин фазои як деҳаи хурди Помир дар минтақаи шарқи Тоҷикистон, ки дар он як зумра қаҳрамонҳо оид ба гуштингири тарбия гирифтаанд, низ дар камолоти шахсияти Далери хурдсол саҳми беандоза дорад.

Иштирокчиёни гурӯҳи RAMIS NEWS дархост доранд, ки номаздии Далер Ҳукумов барои шомил гардидан ба Китоби рекордҳои Гиннес пешбарӣ шавад.

spot_imgspot_img

Популярное