Тоҷикистонии 10-сола метавонад ба Китоби рекордҳои Гиннес шомил гардад

Зодаи 10-солаи Тоҷикистон Далер Ҳукумов, ки дар вилояти Маскав иқомат дорад, метавонад ба шомил гардидан ба Китоби рекордҳои Гиннес довталабӣ кунад. Тавре дар гурӯҳи RAMIS NEWS дар Фейсбук дар ин робита қайд мешавад, тафовути хоси Далер аз ҳамсолонаш дар он ифода меёбад, ки аз синни 3-4-солагӣ ӯ ба якчанд навъи варзиш, аз ҷумла дзюдо, самбо, […]

Мавзуна Абдуллоева



Зодаи 10-солаи Тоҷикистон Далер Ҳукумов, ки дар вилояти Маскав иқомат дорад, метавонад ба шомил гардидан ба Китоби рекордҳои Гиннес довталабӣ кунад.

Тавре дар гурӯҳи RAMIS NEWS дар Фейсбук дар ин робита қайд мешавад,

тафовути хоси

Далер аз ҳамсолонаш дар он ифода меёбад, ки аз синни 3-4-солагӣ ӯ ба якчанд навъи варзиш, аз ҷумла дзюдо, самбо, самбои ҳарбӣ ва ғайра машғул шуда, шумори ҷоизаҳои ӯ дар мусобиқаҳои гуногун 100 медал, аксаран тиллоро ташкил медиҳанд.

Мураббии Далер падараш Муқим Ҳукумов, шаҳрванди Русия мебошад, ки ӯ низ варзишгар буда, айни замон ба ҳайси мураббии варзишӣ дар яке аз воҳидҳои махсус кор мекунад.

Ба гуфтаи наздикони Далер, ӯ ба туфайли тамринҳои ҳамарӯза, иродаи қавӣ ва шароитҳои аз ҷониби волидонаш фароҳамоварда ба чунин дастовардҳо ноил гардида, ҳамчунин фазои як деҳаи хурди Помир дар минтақаи шарқи Тоҷикистон, ки дар он як зумра қаҳрамонҳо оид ба гуштингири тарбия гирифтаанд, низ дар камолоти шахсияти Далери хурдсол саҳми беандоза дорад.

Иштирокчиёни гурӯҳи RAMIS NEWS дархост доранд, ки номаздии Далер Ҳукумов барои шомил гардидан ба Китоби рекордҳои Гиннес пешбарӣ шавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.