Фирори маҳбус аз зиндони Қӯрғонтеппа дар рӯзи равшан

Як маҳбуси зиндони шаҳри Қӯрғонтеппа бо истифода аз автомашинаи сардори муассиса рӯ ба гурез ниҳодааст. Тавре як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, маҳкумшуда ба 23 соли зиндон барои одамкушӣ Ш.Б. рӯзи 4 июли соли 2015 аз муассиаи ислоҳии шаҳри Қӯрғонтеппа фирор кардааст. Ба иттилои манбаъ, маҳбуси […]

Сайраҳмон Назриев



Як маҳбуси зиндони шаҳри Қӯрғонтеппа бо истифода аз автомашинаи сардори муассиса рӯ ба гурез ниҳодааст.

Тавре як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, маҳкумшуда ба 23 соли зиндон барои одамкушӣ Ш.Б. рӯзи 4 июли соли 2015 аз муассиаи ислоҳии шаҳри Қӯрғонтеппа фирор кардааст.

Ба иттилои манбаъ, маҳбуси фирорӣ дар муассисаи ислоҳии низомаш шадид адои ҷазо намуда, соли 2005 барои ғоратгарӣ ба 11 соли зиндон маҳкум шуда, соли 2014 мавриди афв қарор гирифтааст.

«Кормандони муассисаи ислоҳӣ то чӣ андоза барои ҷомеа хатарнок будани шахсияти ин маҳбусро ба инобат нагирифта, ӯро ба корҳо дар кӯча ҷалб кардаанд. Маҳбус аз ин истифода бурда, калиди эҳтиётии автомашинаи сардори муассиса ва пулҳоро медуздад. Ӯ пешакӣ нақшаи фирорро кашида, тасмим мегирад, ки онро рӯзи 4 июл амалӣ созад. Ӯ дар бормонак (багажник)-и автомашинаи сардори муассиса, ки дар муассиса қарор доштааст, пинҳон мешавад. Сардор бо автомашина аз қаламрави муассиса берун шуда, ҳеҷ касе автомашинаи ӯро аз назар нагузаронидааст. Дар бозистодани аввали автомашина дар қаламрави берун аз муассиса, маҳбус аз бормонак берун омада, ба самти наздикони худ ба шаҳри Ваҳдат роҳ пеш мегирад», – гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, бо тасодуфи аҷибе дар маркази шаҳри Ваҳдат маҳбусро корманди фаврии Шуъбаи ВКД-и маҳаллӣ мебинад, ки замоне Ш.Б-ро барои куштор ба ҳабс гирифта буд. Ӯ маҳбусро боздошт мекунад.

«Аз ҳама аҷибаш дар он аст, ки маҳбуси фирориро дар Ваҳдат боздошт намуда, вале дар худи муассисаи ислоҳӣ то лаҳзаи охир аз ин фирор хабар надоштаанд. Вақте ба раҳбарияти муассиса аз Шуъбаи ВКД дар бораи боздошти маҳбуси фирорӣ хабар медиҳанд, аз он ҷо мегӯянд, ки вазъ дар муассиса мо ором аст ва касе нагурехтааст. Сипас аз фирори маҳбус дарак ёфта, ӯро ба муассиса бармегардонанд», – идома дод манбаъ.

Прокуратураи вилояти Хатлон аз рӯи ин далел санҷиш гузаронида, ояндаи наздик аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз мекунад.

Дар Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон алҳол аз шарҳи ин ҳодиса худдорӣ меварзанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.