Даъвати иҷлосияи дуюми палатаи болоии парлумони Тоҷикистон



Раиси палатаи болоии парлумони кишвар Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 7 июл дар бораи санаи 21 июл даъват шудани иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум дар шаҳри Душанбе қарор ба имзо расонид.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар иҷлосия қонуни қаблан аз ҷониби Маҷлиси намояндагон тасдиқшуда «Дар бораи шаҳрвандӣ» ва тағйироту иловаҳо ба як қатор қонунҳо баррасӣ мешаванд.

«Аъзои палатаи болоии парлумон ҳамчунин пешниҳодҳои ҳукумат дар бораи табдили номи чанде аз маҳаллаҳои аҳолинишнин мамлакатро низ мавриди муҳокима қарор медиҳанд», – қайд кард манбаъ.

spot_imgspot_img

Популярное