Талаботи БМТ ба ташкилотҳои қарзӣ зиёдтар шуд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) талабот ба ҳадди ақалли сармояи оинномавӣ барои ташкилотҳои амонатии қарзии хурд ва ташкилотҳои қарзии хурдро зиёдтар кард. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, бо қарори раёсати бонк, барои ташкилотҳои амонатии қарзии хурди навтаъсис андозаи ҳадди ақалли сармояи оинномавӣ ба маблағи 6 млн. сомонӣ муқаррар карда мешавад. Қаблан ҳаҷми ин маблағ ба […]

ASIA-Plus



Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) талабот ба ҳадди ақалли сармояи оинномавӣ барои ташкилотҳои амонатии қарзии хурд ва ташкилотҳои қарзии хурдро зиёдтар кард.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, бо қарори раёсати бонк, барои ташкилотҳои амонатии қарзии хурди навтаъсис андозаи ҳадди ақалли сармояи оинномавӣ ба маблағи 6 млн. сомонӣ муқаррар карда мешавад. Қаблан ҳаҷми ин маблағ ба 4 млн. сомонӣ баробар буд.

Дар ҳамин ҳол, мувофиқи қарори мазкур барои ташкилотҳои амонатии қарзии хурди амалкунанда андозаи ҳадди ақалли сармояи танзимшаванда ба таври зайл муқаррар карда мешавад: ба ҳолати 1 октябри соли 2015 – 3 млн. сомонӣ; 1 январи соли 2016 – 4,5 млн. сомонӣ ва 1 апрели соли 2016 – 6 млн. сомонӣ.

Бо қарори дигари раёсати бонк барои ташкилотҳои қарзии хурди навтаъсис андозаи ҳадди ақалли сармояи оинномавӣ ба маблағи 4 млн. сомонӣ сомонӣ муқаррар карда мешавад. Қаблан ҳаҷми ин маблағ 1 млн. сомониро ташкил медод.

Тибқи қарори номбурда, барои ташкилотҳои қарзии хурди амалкунанда андозаи ҳадди ақалли сармояи воқеӣ ба таври зайл муқаррар карда мешавад: ба ҳолати 1 октябри соли 2015 – 2 млн. сомонӣ;  1 январи соли 2016 –3 млн. сомонӣ ва 1 апрели соли 2016 – 4 млн. сомонӣ.

Гуфта мешавад, қарори мазкур бо мақсади муттаҳиднамоии фаъолияти ташкилотҳои амонатии қарзии хурд ва дар ин замина ба роҳ мондани танзими самараноки фаъолияти онҳо қабул шудааст.

Бино ба маълумоти БМТ, айни замон дар низоми бонкии Тоҷикистон 41 ташкилотҳои амонатии қарзии хурд ва 43 ташкилотҳои қарзии хурд амал мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.