Кумаки техникии ИМА ба сохторҳои қудратии Тоҷикистон

Дар яке аз қисмҳои ҳарбии Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон дар Душанбе имрӯз маросими тақдими автомобилҳои махсус ба сохторҳои қудратии Тоҷикистон аз ҷониби ҳукумати ИМА баргузор шуд. Сухангӯи Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадӣ Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ин маросим ба нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ, Гвардияи миллии ҷумҳурӣ ва Агентии назорати […]

Аваз Юлдошев



Дар яке аз қисмҳои ҳарбии Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон дар Душанбе имрӯз маросими тақдими автомобилҳои махсус ба сохторҳои қудратии Тоҷикистон аз ҷониби ҳукумати ИМА баргузор шуд.

Сухангӯи Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадӣ Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ин маросим ба нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ, Гвардияи миллии ҷумҳурӣ ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ ба маблағи умумии беш аз 5 млн. доллари ИМА 87 адад автомобилҳои махсуси истеҳсоли Ҷопон тақдим карда шуд.

Муовини аввали раиси КДАМ Тоҷикистон Мансур Умаров ва сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт зимни суханрониашон изҳори итминон карданд, ки техникаи автомобилии тақдимшуда ба Тоҷикистон ба таҳкими амнияти кишвар ва дар маҷмӯъ минтақа мусоидат хоҳад кард.

Зимнан зикр гардид, ки аксари автомобилҳои тақдимшуда барои муҳофизати қитъаҳои душворгузари марзи Тоҷикистону Афғонистон сафарбар мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.