Аз президент мусоидат ба танзими кори хатсайри ҳавоии Душанбе – Хоруғ дархост мешавад

Як гурӯҳ аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дархост доранд, ки ба ҳаллу фасли масъалаи ба тартиб овардану танзими кори хатсайрҳои ҳавоии Душанбе – Хоруғ – Душанбе мусоидат намояд. Дар муроҷиат бо имзои беш аз 140 нафар шаҳрвандони кишвар аз президент дархост мешавад, ки ба роҳандозии парвози мунтазами ҳавопаймоҳо тариқи ин хатсайр, беҳбуди […]

ASIA-Plus



Як гурӯҳ аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дархост доранд, ки ба ҳаллу фасли масъалаи ба тартиб овардану танзими кори хатсайрҳои ҳавоии Душанбе – Хоруғ – Душанбе мусоидат намояд.

Дар муроҷиат бо имзои беш аз 140 нафар шаҳрвандони кишвар аз президент дархост мешавад, ки ба роҳандозии парвози мунтазами ҳавопаймоҳо тариқи ин хатсайр, беҳбуди сифат ва амнияти онҳо ва ҳамчунин муқаррар шудани нархи дастрас ба билетҳо бо назардошти қобилияти пардохтпазирии аҳолӣ мусоидат кунад.

Зикр мегардад, ки айни замон ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» парвозҳо бо хатсайри Душанбе – Хоруғ – Душанберо тариқи ҳавопаймоҳои АН-28 анҷом медиҳад. «Масъулони бахши авиатсионии кишвар тасдиқ мекунанд, ки ин ҳавопаймоҳо ба ҳамаи талаботи меъёрҳои байнулмилалӣ ҷавобгӯянд, вале дар амал парвоз бо ин ҳавопаймоҳо торафт хатарнок мешаванд», – гуфта мешавад дар муроҷиатнома.

Таъкид мешавад, ки «тайи бист соли ахир барои амалисозии парвози ҳавопаймоҳо ба ВМКБ ягонто ҳавопаймо харида нашуда, парки техникие, ки айни замон мавриди истифода аст, куҳнаву фарсуда ва ба таҷдиду навсозӣ ниёз дорад».

«Ҳамаи мо ҳодисаи садамаи фоҷеабори соли 1993 дар фурудгоҳи Хоруғро дар хотир дорем, ки бар асари он даҳҳо нафар ба ҳалокат расиданд. Дар ин робита аз Шумо, ҷаноби Президент ҳамчун кафили амният ва вазири муҳтарами нақлиёт ҳамчун ваколатдори иҷрои фаъолияти ин вазорат даъват мекунем, ки ба фаъолияти ширкати ҳавопаймоии масъул ба иҷрои парвозҳо ба Помир таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз сохторҳои дахлдор бо масъулият ва салоҳиятнок ба иҷро расонидани вазитфаҳои хизматиашонро талаб намоед. Бешубҳа ин минбаъд ба пешгирии фалокатҳои нав кумак мекунад», – зикр мегардад дар нома ба унвони президент.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.