Боздиди намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон аз макони муноқиша дар марз

Намояндагони сохторҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон, имрӯз, 8 июл аз макони муноқишаи мусаллаҳонаи рӯзи 6 июл рухдода дар марзи ҳарду кишвар, ки бар асари он шаҳрванди 18-солаи Тоҷикистон захми марговар гирифт, боздид намуданд. Тавре як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ҳайати Тоҷикистонро, ки аз намояндагони нерӯҳои марзбонӣ, сохторҳои қудратӣ […]

Аваз Юлдошев



Намояндагони сохторҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон, имрӯз, 8 июл аз макони

муноқишаи мусаллаҳонаи рӯзи 6 июл рухдода

дар марзи ҳарду кишвар, ки бар асари он шаҳрванди 18-солаи Тоҷикистон захми марговар гирифт, боздид намуданд.

Тавре як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ҳайати Тоҷикистонро, ки аз намояндагони нерӯҳои марзбонӣ, сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳокимияти маҳаллии давлатӣ иборат аст, ёвари президент оид ба масоили амняти миллӣ Шералӣ Хайруллоев ва ҳайати ҷониби Қирғизистонро раиси Хадамоти давлатии марзбонии ин кишвар Раимберди Дуйшенбиев роҳбарӣ кардаанд.

«Баъди боздид аз ҷойи ҳодиса тақрибан соатҳои 12-и рӯз дар шаҳри Исфара пушти дарҳои пӯшида гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон доир гардида, дар он ҷонибҳо ба масъалаҳои марбут ба роҳ надодан ба истифодаи силоҳи оташфишон дар марз, суръат бахшидан ба раванди таъйин ва аломатгузории қитъаҳои баҳсноки сарҳади давлатии кишварҳо таваҷҷуҳ зоҳир хоҳанд кард», – гуфт манбаъ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.