Обама ба Сенат номзадии сафири нави ИМА дар Тоҷикистонро пешниҳод кард

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Обама номзадии Элизабет Миллардро барои тасдиқ ба вазифаи сафири ИМА дар Тоҷикистон пешниҳод намуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Кохи Сафед иттилоъ медиҳад. Гуфта мешавад, Элизабет Миллард айни замон ба ҳайси муовини котиби иҷроияи Департаменти давлатии ИМА ифои вазифа мекунад. Ба иттилои манбаъ, Элизабет Миллард қаблан дар намояндагиҳои дипломатии ИМА […]

Аваз Юлдошев



Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Обама номзадии Элизабет Миллардро барои тасдиқ ба вазифаи сафири ИМА дар Тоҷикистон пешниҳод намуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Кохи Сафед иттилоъ медиҳад.

Гуфта мешавад, Элизабет Миллард айни замон ба ҳайси муовини котиби иҷроияи Департаменти давлатии ИМА ифои вазифа мекунад.

Ба иттилои манбаъ, Элизабет Миллард қаблан дар намояндагиҳои дипломатии ИМА дар Қазоқистон, Непал ва Ҳиндустон фаъолият доштааст.

Қобили зикр аст, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону ИМА моҳи феврали соли 1992 роҳандозӣ шуда, феълан сафири ин кишвар дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт мебошад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.