Таъсиси гурӯҳи корӣ барои таҳияи механизмҳои мубориза бо мухаддироти синтетикӣ



Рӯзи 7 июл дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯистифодаи маводи нашъаовар таҳти раисии муовини раиси Шӯро –директори Агентӣ Рустам Назарзода баргузор гардид.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар кори он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, муовинони вазирони маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, фарҳанг муовинони раисони кумитаҳои телевизион ва радио, ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ, Ҳукумати ш. Душанбе иштирок намуданд.

Гуфта мешавад, Р. Назарзода дар сухаронии худ қайд намуд, ки муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва сӯистифодаи он барои тамоми ҷомеа мушкилоти ҷиддиро ба бор овард, ки зарурияти қабули амалҳои ҷиддӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ ва мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонуниии маводи нашъаовар пеш омад.

«Сарфи назар аз натиҷаҳои ба даст омада дар соҳаи муқовимат ба сӯистифодаи маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои вобаста бо онҳо, мушкилоти ҷалб намудани қисми муайяни аҳолӣ ба муҳити нашъамандон ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дар ҶТ актуалӣ мебошанд», – иброз дошт роҳбари Агентӣ.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа инчунин натиҷаҳои санҷиши фаъолияти вазорату идораҳо доир ба татбиқи Стратегия, масъалаҳои рафъи камбудиҳо дар татбиқи он, раванди амалишавии Стратегияи мазкур дар пойтахт баррасӣ гардиданд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз сабаби он, ки дар муомилоти ғайриқонунӣ намудҳои нави маводи нашъаовар, аз ҷумла синтетикӣ пайдо гардидаанд, тасмим гирифта шуд, ки гурӯҳи корӣ аз ҳисоби Котиботи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ барои коркарди механизми соддагардонии ворид намудани тайирот ва иловаҳо ба “Рӯйхати миллии воситаҳои нашъадор, маводи психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо” созмон дода шавад.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” қабул гардид, ки мақсади асосии он коҳиш додани паҳншавии ғайриқонунини маводи нашъаовар ва истифодаи ғайритиббии он, ҳаҷми оқибатҳои муомилоти ғайриқонунӣ барои бехатарии солимии аҳолӣ, ҷомеа ва давлат, инчунин барои таҳкими ҳамкории байналмиллалӣ мебошад, бо Фармони Президенти ҶТ дар соли 2013 ба имзо расид.

spot_imgspot_img

Популярное