Тоҷикистону Қирғизистон сабабҳои муноқиша дар марзро таҳқиқ мекунанд

Дар вохӯрии намояндагони мақомоти марзбонӣ ва прокуратураҳои ҳарбии Қирғизистону Тоҷикистон дар ноҳияи Ботканди кишвари ҳамсоя ҷонибҳо бобати аз ҷониби ҳар кадоме аз тарафҳо таҳқиқ кардани ҳодисаи муноқишаи мусаллаҳонаи рӯзи 6 июл дар қитъаи баҳсноки марз, ки ба ҳалокати шаҳрванди 18-солаи Тоҷикистон боис гардид, ба мувофиқа расиданд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии Тоҷикистон […]

Аваз Юлдошев



Дар вохӯрии намояндагони мақомоти марзбонӣ ва прокуратураҳои ҳарбии Қирғизистону Тоҷикистон дар ноҳияи Ботканди кишвари ҳамсоя ҷонибҳо бобати аз ҷониби ҳар кадоме аз тарафҳо таҳқиқ кардани ҳодисаи муноқишаи мусаллаҳонаи рӯзи 6 июл дар қитъаи баҳсноки марз, ки ба ҳалокати шаҳрванди 18-солаи Тоҷикистон боис гардид, ба мувофиқа расиданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии Тоҷикистон дар ин робита хабар дод, ҷонибҳо ҳамчунин оид ба табодули маълумот дар бораи натиҷаҳои тафтишҳои гузаронидашуда тавофуқ ҳосил намуданд. «Тарафҳоро лозим аст, ки аз силоҳи кадом ҷониб захми марговар гирифтани шаҳрванди Тоҷикистонро муайян созанд», – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи манбаъ, тарафҳо ҳамчунин бобати баргузор намудани машғулиятҳои иловагӣ миёни марзбонони ҳарду ҷониб оид ба рафтору муносибат дар хатти марз низ гуфтушунид карданд.

Мақомоти ҳокимияти маҳаллии Тоҷикистону Қирғизистон бо сокинони маҳаллаҳои аҳолинишини наздимарзии ҳарду кишвар вохӯриву суҳбатҳо доир намуда, аз онҳо даъват доранд, ки ба иғвогариву эҳсосоти барзиёд дода нашаванд.

Ёдрас мекунем, ки нимаи дуюми рӯзи 6 июл дар қитъаи баҳсноки марзи Тоҷикистону Қирғизистон

муноқишаи мусаллаҳона рух дода

, бар асари он як тоҷикистонӣ ҳалок шуд.

Ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масоили амнияти миллӣ Шералӣ Хайруллоев шоми рӯзи 6 июл

ба шаҳри Исфараи вилояти Суғд раҳсипор шуд,

то ки аз наздик ба ҳаллу фасли мусолиматомези ин масъала расидагӣ кунад.

Қобили зикр аст, ки масофаи марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон 970 километрро ташкил дода, 519 километри он (ҳудуди 60 қитъа) дар сатҳи ҳайатҳои давлатӣ таъйину аломатгузорӣ ва  тасдиқ шудааст. Дар 58 қитъаи боқимондаи баҳсноки марз гоҳ-гоҳ бо истифода аз силоҳ муноқишаҳо рух медиҳанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.