Сафари Э.Раҳмон ба Уфа ҷиҳати иштирок дар нишасти СҲШ

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) ба шаҳри Уфаи Федератсияи Русия сафар кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар фурӯдгоҳи байналмилалии пойтахт Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат Бахтиёр Худоёрзода ва […]

ASIA-Plus



Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) ба шаҳри Уфаи Федератсияи Русия сафар кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар фурӯдгоҳи байналмилалии пойтахт Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат Бахтиёр Худоёрзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёварони президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эркинхон Раҳматуллозода ва Абдуҷаббор Раҳмонзода,  вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағойзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Қаблан бо истинод ба як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ 

дар ин робита иттилоъ дода будем,

 ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти навбатии сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки рӯзҳои 9-11 июл дар шаҳри Уфаи Русия доир мегардад, иштирок ва суханронӣ мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.