Рӯзи 8 июл Прокуратураи генералии Тоҷикистон муроҷиати Шӯрои сиёсии ҲНИТ ба мақомоти олии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ниҳодҳои байналмилалӣ ва роҳбарони кишварҳои кафилро амали ҳангомаҷӯёна унвон кард.
Дар
изҳороти
дар сомонаи АМИТ «Ховар» интишоршудаи Прокуратураи генералӣ дар ин робита қайд мешавад, ки дар интихобот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 марти соли 2015 ба ҲНИТ ҳамагӣ 1,5 фоиз интихобкунандагон раъй додаанд, ки ин аз паст рафтани нуфузи ҲНИТ ва аз даст додани мавқеи он дар ҷомеа шаҳодат медиҳад.
Ҳамчунин дар изҳорот ишора мешавад, ки даст кашидан аз иштирок дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, тарбияи аҳолӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, ба ҷиноят ва дигар амалҳои номатлуб даст задани худи роҳбарон боиси тадриҷан костани мақоми узвият дар ҲНИТ ва сафҳои онро ихтиёран тарк кардани аъзояш гардида, раванди хориҷшавии аъзо аз ҲНИТ идома дорад ва созмони мазкур мақоми ҳизби сиёсиро, ки шарти мавҷудияти он тибқи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”доштани аъзо дар аксарияти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мебошад, аз даст додааст.
Дар идома аз «гуноҳҳо»-и раҳбарияти ҳизб сухан меравад. Аз ҷумла гуфта мешавад, роҳбарони ҳизби номбурда ба қонунвайронкуниҳои зиёди молумулкӣ ва азони худ намудани моликияти давлатӣ роҳ додаанд, ки хусусигардонӣ ва тақдири минбаъдаи беморхонаи сохтмонаш нотамоми касалиҳои сироятиии шаҳри Душанбе барои 500 кат мисоли ин гуфтаҳо мебошад.
«Раиси ҲНИТ Кабирӣ Муҳиддин беморхонаи мазкурро ғайриқонунӣ, бар хилофи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ” хусусӣ гардонида, заминҳои ин иншоотро ба масоҳати 10 га, ки мақсаднок барои сохтмони муассисаи тандурустӣ ҷудо карда шудааст, бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо ба 8 нафар шаҳрвандон дар асоси шартномаҳои ҳадя тақсим намудааст, ки онҳо дар навбати худ дар давоми солҳои 2009-2010 қитъаҳои замини мазкурро ба 95 нафар шаҳрванд ҳамчун замини наздиҳавлигӣ бо нархи аз 1500 то 2000 доллари ИМА барои ҳар як 0,01 га фурўхта, аз ин ҳисоб маблағи зиёда аз 150.000 доллари ИМА-ро ба Кабирӣ Муҳиддин додаанд. Ҳол он, ки мувофиқи моддаи 13 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон замин моликияти истисноии давлат буда, аз ин рў хариду фурўши он манъ аст. Бинобар ин, бо ҳалномаи суди ноҳияи Рӯдакӣ аз 16 апрели соли 2015 натиҷаи савдои иншооти мазкур, санаду аҳдҳо вобаста ба хусусигардонӣ ва шартномаҳои ҳадя беэътибор дониста шудаанд.», – омадааст дар изҳорот.
Дар ҳамин ҳол, дар изҳорот зикр намегардад, ки Кабирӣ беморхонаи мазкур ва заминҳои онро ҳанӯз соли 1998 харида, ин иншоотро худи давлат ба фурӯш гузошта буд. Гузашта аз ин, муддати 17 сол аз замони сурат гирифтани ин муомилот якчанд қонунҳо дар бораи афв қабул шуданд.
Ҳамчунин дар изҳорот аз ҳамаи ҳодисаҳои марбут ба аъзои ҲНИТ давоми панҷ соли ахир, аз ҷумла рӯйдодҳои Рашту Хоруғ ва ҳабси мушовири раиси ҳизб Ҷалолиддин Маҳмудов низ ёдоварӣ мешавад.
Тибқи маълумоти Прокуратураи генералии ҶТ, танҳо дар 5 соли охир 45 нафар аъзои ҲНИТ ҷиноятҳои гуногун содир намуда, нисбат ба 34 нафари онҳо қарорҳои ниҳоии судӣ қабул гардидаанд. Аз ин, нисбат ба 22 нафаре, ки ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин содир намудаанд, ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ таъйин карда шудааст.
«Ваҷҳҳои роҳбарияти ҲНИТ оид ба таъқиби беасоси аъзои ҳизб низ асоси воқеӣ надоранд. Лозим ба ёдоварист, ки тибқи моддаи 17 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама дар назди қонун ва суд баробар буда, яке аз принсипҳои қонуни ҷиноятии ҶТ ин ногузирии ҷавобгарӣ мебошад. Аз ин рў, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадоранд, ки нисбат ба ҳар шахси ҷиноят содиркарда, сарфи назар аз узвияти ҳизбиаш, чораҳои қонунӣ андешанд ва ҳуқуқ надоранд, ки танҳо ба хотири аъзои ин ё он ҳизб будани шахс, ўро аз ҷавобгарӣ дур намоянд», – қайд мешавад дар изҳорот.



