Президенти Русия моҳи сентябр ба Тоҷикистон меояд

Рӯзи 8 июл дар шаҳри Уфа дидору гуфтушуниди сарони кишварҳои Русия Владимир Путин ва Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир гардид. Бино ба иттилои сомонаи расмии   президенти Русия, зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масоили муҳими муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байнулмилалӣ табодули назар намуданд. Владимир Путин фаъолияти Тоҷикистон дар раёсати Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъироу хубу […]

ASIA-Plus



Рӯзи 8 июл дар шаҳри Уфа дидору гуфтушуниди сарони кишварҳои Русия Владимир Путин ва Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир гардид.

Бино ба иттилои

сомонаи расмии

  президенти Русия, зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масоили муҳими муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байнулмилалӣ табодули назар намуданд.

Владимир Путин фаъолияти Тоҷикистон дар раёсати Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъироу хубу босифат арзёбӣ намуд. «Чорабиниҳо зиёди муҳим баргузор мешаванд, аз ҷумла размоишҳои низомӣ муваффақона доир гардиданд. Мо ба нишасти СААД дар Тоҷикистон санаи 15 сентябр омодагӣ мегирем», – изҳор дошт президенти Русия ва бо ин гуфта сафараш дар моҳи сентябр ба Душанберо тасдиқ намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон, Владимир Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба шаҳри Уфа хайра мақдам гуфта, ба рушди муносиботи ду кишвар баҳои баланд дод. Аз ҷумла тазаккур дода шуд, ки соли гузашта, сарфи назар аз мушкилоти иқтисодӣ дар Аврупо, ҷаҳон ва худи Русия, гардиши мол миёни ду кишвар 2,5% афзун гардид.

Сарвари Русия ҳамчунин ба ҷараёни раёсати Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, аз ҷумла ба машқҳои муштараке, ки дар ҳудуди Тоҷикистон баргузор гардид, баҳои баланд дод.

Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ изҳор дошт: “Барои Тоҷикистон муносибот бо Федератсияи Русия афзалияти хосу устувор дорад ва ин ҳолат дар Консепсияи нави сиёсати хориҷии кишвари мо таҳкими ҳуқуқӣ ёфтааст”. Дар мулоқот масоили вобаста ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, амнияту мудофиа, иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ, илму техника ва фарҳанг баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи хос ба мавзӯъҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои амнияту мудофиа зоҳир шуд. Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Русия дар муқобили таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатии миёни Тоҷикистону Афғонистон ва муқовимат ба муборизаҳои иттилоотӣ бояд ҳамгироии устувору муттасил дошта бошанд.

Изҳори умед карда шуд, ки нақшаю барномаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба дар самти расондани кумакҳои техникӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳ, Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар сохторҳои марбутаи Тоҷикистон ба пуррагӣ иҷро мешаванд.

Сарвари давлати Тоҷикистон аз рушди ҳамкории иқтисодӣ ба Федератсияи Русия ёдовар шуда, аз ҷумла тазаккур дод, ки “Русия шарики асосии сармоягузори Тоҷикистон буд ва ҳаст, зеро қариб 50% сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ба кишвари шумо рост меояд”. Дар баробари ин, таъкид гардид, ки “ин нишондоди мусбӣ бояд натанҳо нигоҳ дошта шавад, балки афзун гардад”.

Мавзӯъи муҳими дигари суҳбат баррасии мушкилоти вобаста ба фаъолияти муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Федератсияи Русия буд. Аз иҷозати дубораи воридшавӣ ба Русия гирифтани як зумра шаҳрвандони Тоҷикистон, хусусан донишҷӯёни тоҷик, изҳори қаноат карда шуд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки корҳо барои додани сабукиҳои дигар ба муҳоҷирони кории Тоҷикистон ва ҳам танзими ҳуқуқии ин раванд бояд идома ёбад.

Дар робита ба ин мавзӯъ ба авфи муҳоҷирони корие, ки 2 ва зиёда ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ доранд, қонунигардонии будубоши онҳое, ки муҳоҷирони ғайриқонунӣ шумурда мешаванд ва соддагардонии тартиби ҳузури шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва дароз кардани муҳлати бақайдгирии донишҷӯёни тоҷик пас аз воридшавӣ ба ҳудуди ин кишвар таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.

Ҳамчунин доир ба густариши ҳамгироӣ дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла Созмони ҳамкории Шанхай ва мавзӯъҳои дигари минтақавию ҷаҳонӣ гуфтугӯйи судбахш сурат гирифт. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.