«Шайх Темур» ба 16 соли зиндон маҳкум шуд

Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба «шайх Темур», ки гӯё «даъвои пайғамбарӣ дошт», ба 16 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд. Қаблан дар сухани ниҳоии худ ӯ аз суд дархост намуд, ки дар ин моҳи шарифи Рамазон озод карда шавад. Дар ҳамин ҳол, судшаванда хоҳиш кард, ки «бегуноҳии ӯ аз рӯи бисёр айбномаҳо ва пиронсолии ӯ» ба […]

Мавзуна Абдуллоева



Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба «шайх Темур», ки гӯё «даъвои пайғамбарӣ дошт», ба 16 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд.

Қаблан дар сухани ниҳоии худ ӯ аз суд дархост намуд, ки дар ин моҳи шарифи Рамазон

озод карда шавад.

Дар ҳамин ҳол, судшаванда хоҳиш кард, ки «бегуноҳии ӯ аз рӯи бисёр айбномаҳо ва пиронсолии ӯ» ба инобат гирифта шавад.

Мурофиаи судӣ нисбати Саидмаҳдихон Сатторов тахти раёсати судя Шавкат Лутфуллозода баргузор шуд.

Мебояд гуфт, айбдоркунандаи давлатӣ дар парвандаи Саидмаҳдихон Сатторов, 

аз суд дархост намуда буд,

 ки ӯ ба 18 соли зиндон маҳкум карда шавад.

Мавлудхон Солеҳов, адвокати С.Сатторов иттилоъ дода буд, ки зерҳимояаш мутобиқи панҷ моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – худсарона азхуд кардани қитъаи замин, таҳқири ҷасадҳои фавтидагон ва макони гӯронидани онҳо, тамаъҷӯӣ, серзанагӣ ва монеъ шудан ба гирифтани маълумоти ҳатмӣ (нуҳсола) айбдор карда мешавад.

Қобили зикр аст, ки дар мурофиаҳои қаблии судӣ, ки дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ ҷараён дорад, судшаванда 

қисман 

ба гуноҳҳояш дар серзанагӣ, монеъ шудан ба гирифтани маълумоти ҳатмӣ (нуҳсола) ва худсарона азхуд намудани қитъаи замин иқрор шуда, дар дигар айбномаҳо худро гунаҳкор эътироф накард.

Нимаи дуюми моҳи феврали соли ҷорӣ бо қарори суди ноҳияи Синои пойтахт Саидмаҳдихон Сатторови 65-сола 

ба ҳабс гирифта шуда

, нисбати ӯ мутобиқи якчанд моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Ёдрас мекунем, Шабакаи Аввали телевизиони Тоҷикистон шоми 6-уми феврал 

филмеро бо номи “Ривояти Шайх Темур” намоиш дод

, ки аз корнамоиҳои Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба “Шайх Темур” нақл мекунад.

То санаи 16-уми феврал Саидмаҳдихонг Сатторов дар деҳаи Асбоби ҷамоати Работи шаҳри Турсунзода таҳти ҳабси хонагӣ қарор дошт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.