Ҷашни Рӯзи байнулмилалии ал-Қудс дар Тоҷикистон



Рӯзи ҷумъаи ахири моҳи мубораки Рамазон Рӯзи ал-Қудс – Рӯзи байнулмилалии ҳамраъйӣ бо мардуми Фаластин ҷашн гирифта мешавад.

Имсол ин ҷашн рӯзи 10 июл дар бисёре аз кишварҳои мусалмонии дунё таҷлил мегардад. Дар Душанбе Рӯзи байнулмилалии ҳамраъйӣ бо мардуми Фаластинро бо мусоидати сафорати Эрон дар Тоҷикистон ҷашн мегиранд. Чорабинӣ бахшида ба ин ҷашн шоми имрӯз дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» доир мегардад.

Як сол пас аз пирӯзии инқилоби исломии Эрон, имом Хумайнӣ (р) бо таъини охирин ҷумъаи моҳи шарифи Рамазон ба унвони рӯзи Қудс аз мусалмонони ҷаҳон хост то дар ин рӯз ҳамбастагии худро дар ҳимоят аз ҳуқуқи қонунии мардуми мусалмон ва мазлуми Фаластин ба намоиш гузоранд.

Пас аз ин даъват ҳар сол дар ин рӯз мардуми Эрон ва бисёре дигар аз кишварҳои исломӣ ва ҳатто ғайриисломӣ дар ҳимоят аз миллати Фаластин тазоҳуроти пуршукӯҳ  баргузор мекунанд.

spot_imgspot_img

Популярное