Дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун тӯли ним сол 1 нафар ҳалок ва 1 тан ҷароҳат гирифт

Нимсолаи аввали соли равон зимни иҷрои корҳо дар бахшҳои саноату сохтмон 3 нафар ба ҳалокат расида, 4 тани дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди ҳукумати ҶТ Санъат Раҳим дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ин давра аз ҷониби кормандони хадамот 7 ҳодисаи нохуш ва […]

Пайрав Чоршанбиев



Нимсолаи аввали соли равон зимни иҷрои корҳо дар бахшҳои саноату сохтмон 3 нафар ба ҳалокат расида, 4 тани дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.

Сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди ҳукумати ҶТ Санъат Раҳим дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ин давра аз ҷониби кормандони хадамот 7 ҳодисаи нохуш ва як садамаи истеҳсолӣ ба қайд гирифта шудааст.

«Дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун тӯли ним сол 1 нафар ҳалок ва 1 тан ҷароҳат гирифтанд Миёни ҳалокшудагон як шаҳрванди Чин, корманди ҶДММ «Ширкати кӯҳкории Тоҷикистону Чин» ҳузур дорад», – қайд кард сардори хадамот.

Ба қавли ӯ, дар корхонаи истихроҷи ангишти «Фон-Яғноб» 2 ҳодисаи нохуш рух дода, 1 нафар ҳалок ва 1 тан ҷароҳат бардоштаанд. «Ин ҳодисаҳо бинобар сабаби риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ ва сатҳи пасти тахассуси касбӣ рух доданд», – гуфт номбурда.

Сардори хадамот таъкид дошт, ки дар ҷараёни санҷишҳои назорати техникӣ 114 нафар  кормандони масъули корхонаҳо бо сабаби иҷро накардани талаботи қоидаҳои бехатарии корҳо дар саноат ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб ва ба сурати умум дар ҳаҷми 83,1 ҳазор сомонӣ ҷариманбандӣ шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.