Омодагирии мунтахаби ҷавонони футбол ба Чемпионати Осиё

Мунтахаби футболи ҷавонони синни на болотар аз 19 солаи Тоҷикистон (U-19) ба машқҳову омӯзиш дар Душанбе шурӯъ намуд. Менеҷери даста Меҳроҷиддин Холов ба сомонаи расмии Федератсияи футболи ҷумҳурӣ дар ин робита гуфтааст, дар ҷараёни ин давраи тамринҳои ҷисмониву машғулиятҳои назариявӣ, ки то 17 июл идома меёбанд, футболбозони ҷавон таҳти роҳбарии сармураббӣ Салоҳиддин Ғафуров рӯи 16 […]

ASIA-Plus



Мунтахаби футболи ҷавонони синни на болотар аз 19 солаи Тоҷикистон (U-19) ба машқҳову омӯзиш дар Душанбе шурӯъ намуд.

Менеҷери даста Меҳроҷиддин Холов ба сомонаи расмии Федератсияи футболи ҷумҳурӣ дар ин робита гуфтааст, дар ҷараёни ин давраи тамринҳои ҷисмониву машғулиятҳои назариявӣ, ки то 17 июл идома меёбанд, футболбозони ҷавон таҳти роҳбарии сармураббӣ Салоҳиддин Ғафуров рӯи 16 июл бо дастаи «Истиқлол»-и Душанбе як вохӯрии дӯстона барпо мекунанд.

Қобили зикр аст, ки мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикстон моҳи октябри соли ҷорӣ дар мусобиқаи интихобии Чемпионати Осиё-2016 дар гурӯҳи «F» бо дастаҳои Ироқ (2 октябр), Баҳрайн (4 октябр) ва Малдив (6 октябр) қувваозмоӣ мекунад. Мусобиқаи интихобии мазкур дар шаҳри Душанбе доир мегардад.

Ёдрас мекунем, ки ба даври ниҳоии Чемпионати Осиё оид ба футбол (U-19), ки соли 2016 дар Баҳрайн баргузор мешавад, ғолибони 10 гурӯҳ ва 5 дастаи дорои нишондиҳандаи беҳтарин миёни тимҳои ҷойи 2-юмро ишғолкарда роҳ меёбанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.