Як шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми парвози ҳавопаймо тариқи хатсайри Самара – Душанбеи ширкати «Уралские авиалинии» фавтид. Ҳавопаймо соати 01:50 дақиқа ба вақти маҳаллӣ ба Душанбе расид.
Котиби матбуотии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) Муҳаммадюсуф Шодиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки фавтида сокини ноҳияи Фархори вилояти Хатлон Б.Мирзокаримови 51-сола мебошад.
Писари 20-сола ӯ, ки бо ҳамин хатсайр ба Душанбе омад, изҳор доштааст, ки тайи 10 соли ахир падараш аз бемории варами шуш азият кашида, чун табибон дигар ба муолиҷаи он умедворӣ намекунанд, тасмим мегиранд, ки ба ватан бармегарданд.
«Аммо ҳангоми парвоз мусофир фавтидааст. Бо ба фурудгоҳи Душанбе расидани ҳавопаймо, ҳамаи хадамоти дахлдор даъват шуда, мутахассисон қайд карданд, ки марг табиӣ буда, сабабаш бемории мард аст. Ҳамсафарон мегӯянд, танҳо пас аз фуруд омадани ҳавопаймо ва онро тарк кардани мусофирон маълум шудааст, ки мард фавтидааст. Пас аз анҷоми ҳамаи тартиботи қабулшуда, ҷасад ба хешону наздиконаш супурда шуд», – зикр кард Шодиев.



