Э.Раҳмон: Ягон давлат дар алоҳидагӣ наметавонад бо «се адоват» мубориза барад

– Созмони Ҳамкории Шанхай бояд ба таври фаврӣ ва муносиб ба таҳдидҳо ва хатарҳое, ки аз ифротгароӣ, терроризм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва киберҷиноятҳо ба вуҷуд меоянд, омода бошад», – чунин мешуморад президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. «Ягон давлат дар алоҳидагӣ наметавонад бо ин мушкилоти тезутунд, ки хусусияти ҷаҳонӣ дорад, мубориза барад», – […]

ASIA-Plus



– Созмони Ҳамкории Шанхай бояд ба таври фаврӣ ва муносиб ба таҳдидҳо ва хатарҳое, ки аз ифротгароӣ, терроризм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва киберҷиноятҳо ба вуҷуд меоянд, омода бошад», – чунин мешуморад президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

«Ягон давлат дар алоҳидагӣ наметавонад бо ин мушкилоти тезутунд, ки хусусияти ҷаҳонӣ дорад, мубориза барад», – изҳор дошт Э.Раҳмон имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай.

Э.Раҳмон муҳимияти кӯшишҳои муштарак алайҳи «се адоват»-ро таъкид дошта, даъват кард, ки «кӯшишҳои якҷояро  дар  муборизаи  зидди «се адоват» афзун намуда,  ба ситезаҳои  мавҷуда  зарбаи қатъӣ  зада,  ба бархурд бо  хавфу  хатарҳои нав  омода бошем».

Президенти Тоҷикистон бар ин назар аст, ки дар  давраи   пешорӯ  Созмони ҳамкории Шанхай бояд  нисбат ба  насли  наврас  ғамхории  хосса зоҳир намояд.

Ӯ таъкид дошт, ки бӯҳрони  иқтисодии  ҷаҳонӣ  маҳз  ба  ҷавонон  таъсири зараровар  расонид. «Насли  ҷавони  мо шоистаи бовар  доштан  ба  фардо  аст ва  мо  бояд  барои  ин  бештар  саъю  кӯшиш намоем.  Дар  ин  росто роҳ  надодан  ба  ҷалби  ҷавонон  ба  ҷунбишҳои  мухталифи ифротӣ  бояд  мақсади  асосии  мо  гардад», – гуфт Э.Раҳмон.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.