Дастгирии Тоҷикистон аз оғози маросими қабули Ҳиндустон ва Покистон ба СҲШ

Зимни суханронӣ дар дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Уфа президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки Тоҷикистон қарор дар мавриди оғози маросими қабули Ҳиндустон ва Покистонро ба СҲШ дастгирӣ менамояд. «СҲШ- созмони нодиру дилхоҳи замон аст, ки дар ҷаҳон нуфузи баланд дорад. Тоҷикистон қарор дар мавриди оғози маросими қабули Ҳиндустон […]

ASIA-Plus



Зимни суханронӣ дар дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Уфа президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки Тоҷикистон қарор дар мавриди оғози маросими қабули Ҳиндустон ва Покистонро ба СҲШ дастгирӣ менамояд.

«СҲШ- созмони нодиру дилхоҳи замон аст, ки дар ҷаҳон нуфузи баланд дорад. Тоҷикистон қарор дар мавриди оғози маросими қабули Ҳиндустон ва Покистонро ба Созмон дастгирӣ менамояд, ки ин принсипи ошкоро будани cозмони моро инъикос менамояд. Бовар дорем, ки дар ояндаи наздиктарин Ҷумҳурии Исломии Эрон низ ба қатори аъзои баробарҳуқуқи ташкилоти мо дохил мешавад.», – гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин зикр кард, ки Тоҷикистон ҳамчунин ҷонибдори  таҳкими институти нозиронем ва ба қатори онҳо дохил шудани Ҷумҳурии Беларусро қабул дорад. «Бо қаноатмандӣ тавсеаи гурӯҳи кишварҳои шарикро оид ба муколама ва дар қатори онҳо пайдо шудани Озарбойҷон, Арманистон, Непал ва Камбоҷаро зикр менамоем», – қайд кард сарвари давлати Тоҷикистон.

Айни замон Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мебошанд.

Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Эрон ва Муғулистон мақоми нозир дар Созмонро доранд.

Як қатор кишварҳои дигар, аз ҷумла Озарбойҷон, Арманистон, Бангладеш, Белорус, Шри-Ланка, Сурия, Украина, Малдив, Камбоҷа, Миср низ додани мақоми нозир ё шарик оид ба муколама дар СҲШ-ро дархост намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.