ХБА 2,2% сустшавии суръати рушд дар кишварҳои ИДМ-ро пешгӯӣ мекунад

Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) сустшавии суръати рушди иқтисод  дар кишварҳои бозорашон мавриди ташаккул ва дар ҳоли рушд қарордоштаро пешгӯӣ мекунад. Дар гузориши рӯзи 9 июл интишоршудаи Хазина таҳти унвони «Дурнамои рушди иқтисоди ҷаҳон»   дар ин робита зикр мегардад, ки дар кишварҳои бозорашон мавриди ташаккул ва дар ҳоли рушд қарордошта суръати рушди иқтисод аз 4,6%-и […]

Пайрав Чоршанбиев



Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) сустшавии суръати рушди иқтисод  дар кишварҳои бозорашон мавриди ташаккул ва дар ҳоли рушд қарордоштаро пешгӯӣ мекунад.

Дар гузориши рӯзи 9 июл интишоршудаи Хазина таҳти унвони

«Дурнамои рушди иқтисоди ҷаҳон»

  дар ин робита зикр мегардад, ки дар кишварҳои бозорашон мавриди ташаккул ва дар ҳоли рушд қарордошта суръати рушди иқтисод аз 4,6%-и соли 2014 то ба 4,2% поин меравад. Ин поинравӣ таъсири боздорандаи нархҳо ба молҳои биржавӣ ва шартҳои бештар шадидтари молиявии хориҷиро таҷассум месозад.

Гуфта мешавад, соли 2016 суръати афзоиш дар кишварҳои бозорашон мавриди ташаккул ва дар ҳоли рушд қарордошта то 4,7% асосан аз ҳисоби шароитҳои пешгӯишавандаи беҳбуди иқтисод дар чанде аз кишварҳои дар мушкилот қарордошта, аз ҷумла Русия боло меравад.

Мутобиқи пешгӯиҳои Хазинаи байнулмилалии асъор, рушди иқтисод дар давлатҳои ИДМ соли 2015 то 2,2% суст шуда, соли оянда 1,2% афзоиш меёбад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.