Узви Бюрои сиёсӣ, мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Чин Чжао Лэсзи бо муовини аввали раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Саидмурод Фаттоҳзода ва аъзои ҳайати ҲХДТ таҳти раҳбарии ӯ дидору гуфтушунид кард.
Сухангӯи ҲХДТ Усмон Солеҳ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни мулоқот С.Фаттоҳзода таъкид доштааст, ки ҲХДТ минбаъд низ ба таҳкими ҳамкориҳо бо Хизби коммунисти Чин талош варзида, дар амалисозии лоиҳаҳои «ҳалқаи иқтисодии Роҳи абрешим» фаъолона иштирок карданист.
Чжао Лэсзи қайд кардааст, ки сафари ҳайати ҲХДТ гувоҳи он аст, ки Тоҷикистон ба рушди муносибатҳо ва ҳамкории байниҳизбӣ бо Чин таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мекунад.
Қобили зикр аст, ки беш аз 20 нафар мансабдорони ҲХДТ аз тамоми минтақаҳои кишвар тахти сарварии муовини аввали раиси ҳизб Саидмурод Фаттоҳзода авали моҳи июл бо даъвати Ҳизби коммунисти Чин бо сафари даҳрӯзаи корӣ ба ин кишвар рафта буданд.
«Дар ҷараёни сафари ҳайати ҲХДТ ба Чин ҷонибҳо дар самтҳои кор бо интихобкунандагон ва роҳандозии фаъолияти байнулмилалӣ табодули таҷриба намуданд», – қайд кард сухангӯи ҲХДТ.
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 10-уми декабри соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он наздики 250 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ ё аз ҷониби ин ҳизб пешбаришуда мебошанд.



