Пардабардорӣ аз нимпайкараи ходими маъруфи Ҳиндустон дар Душанбе

Зимни сафари расмии аввалини нахуствазири Ҳиндустон Нарендра Моди ба Тоҷикистон (12 – 13 июл) ӯ дар маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи ҳамватани маъруфи худ – шоир, оҳангсоз, мусаввир, арбоби давлатӣ ва дорандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт Робиндронатху Тхакуру (1861 – 1941) ширкат меварзад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар ин […]

Аваз Юлдошев



Зимни сафари расмии аввалини нахуствазири Ҳиндустон Нарендра Моди ба Тоҷикистон (12 – 13 июл) ӯ дар маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи ҳамватани маъруфи худ – шоир, оҳангсоз, мусаввир, арбоби давлатӣ ва дорандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт Робиндронатху Тхакуру (1861 – 1941) ширкат меварзад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар ин маросим, ки рӯзи 13 июл дар паҳлӯи бинои сафорати Ҳиндустон дар Душанбе доир мегардад, дар қатори Нарендра Моди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ҳузур хоҳад дошт.

Ёдрас мекунем, ки соли 2003 зимни сафари расмии наухствазир онвақтаи Ҳиндустон Атала Бхари Ваҷпая дар паҳлӯи бинои сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон нимпайкараи ходими маъруфи сиёсии ҳинд Мҳатма Гандӣ қомат афрохта буд.

Ҳамчунин мебояд зикр кард, ки дар ҷараёни сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳиндустон соли 2001 ба ифтихори шоири шинохтаи форсу тоҷик Мирзо Абдулқодир Бедил (1644 – 1720), ки дар қаламрави Ҳиндустон кору эҷод мекард, лавҳаи хотира гузошта шуда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.