Дар Тоҷикистон ба иттилоот аз ҳукумат монополия ҷорӣ мешавад?

Намояндагони васоити ахбори умуми мустақили Тоҷикистон ахиран ба чанде аз мушкилоти дастрасии маълумот аз мақомоти давлатӣ дучор шуданд. Манбаъҳо аз мақомоти давлатӣ изҳор медоранд, ки бо дастур «аз боло» минбаъд ҳамаи маълумот ба Агентии миллии иттилоотии «Ховар» дода шуда, сипас дигарон ҳам аз он истифода карда метавонанд, вале танҳо бо истинод ба «Ховар». Зимни шарҳи […]

Аваз Юлдошев



Намояндагони васоити ахбори умуми мустақили Тоҷикистон ахиран ба чанде аз мушкилоти дастрасии маълумот аз мақомоти давлатӣ дучор шуданд.

Манбаъҳо аз мақомоти давлатӣ изҳор медоранд, ки бо дастур «аз боло» минбаъд ҳамаи маълумот ба Агентии миллии иттилоотии «Ховар» дода шуда, сипас дигарон ҳам аз он истифода карда метавонанд, вале танҳо бо истинод ба «Ховар».

Зимни шарҳи ин маълумот раиси Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) Нуриддин Қаршибоев ба «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки мувофиқи маълумоте, ки ӯ дар ин бора дорад, аз ин хусус ҳеҷ супорише «аз боло» вуҷуд надорад. «Роҳбари нави АМИТ «Ховар» Заробиддин Қосимӣ аз намояндагони сохторҳои ҳукуматӣ дархост кардааст, ки дар навбати аввал маълумотро ба «Ховар» диҳанд, вале ин дархостро мансабдорони мо ба таври худ фаҳмиданд», – гуфт Қаршибоев.

Ба қавли ӯ, сарфи назар аз шакли моликият, қонунгузории ҷумҳурӣ ба дастрасии маълумот ба намояндагони ВАО-и Точикистон ҳуқуқи баробар медиҳад.

«То ҷое, ки ман огаҳӣ дорам, дар муқаррароти «Ховар» зикр шудааст, ки агентӣ ба паҳнкунии маълумоти расмӣ, яъне ба амрҳои президент, қарори ҳукумат ҳуқуқи хосса (эксклюзивӣ) дорад, лекин ба ҳамагон маълум аст, ки муқаррароти агентии давлатии иттилоотӣ аз қонунҳо, ки ба дастрасии маълумот барои ҳамаи ВАО ҳуқуқи баробар медиҳанд, боло нест», – таъкид дошт Н.Қаршибоев.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.