Дар Душанбе намоишгоҳи универсалии Чин доир мегардад

Дар доираи сафари корӣ ба Чин раиси Палатаи савдо ва санати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид рӯзи 10 июл дар шаҳри Урумчи бо сардори департаменти тиҷорати Ҳукумати мардумии ноҳияи мухтори Синтзян-Уйғур Ся Гуантай дидору гуфтушунид кард. Хадамоти матбуоти ПСС ҶТ дар шарҳи ин маълумот менависад, дар вохӯрӣ масоили ҳамкориҳои ҷонибҳо дар бахшҳои афзалиятноки иқтисоду тиҷорат, […]

Аваз Юлдошев



Дар доираи сафари корӣ ба Чин раиси Палатаи савдо ва санати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид рӯзи 10 июл дар шаҳри Урумчи бо сардори департаменти тиҷорати Ҳукумати мардумии ноҳияи мухтори Синтзян-Уйғур Ся Гуантай дидору гуфтушунид кард.

Хадамоти матбуоти ПСС ҶТ дар шарҳи ин маълумот менависад, дар вохӯрӣ масоили ҳамкориҳои ҷонибҳо дар бахшҳои афзалиятноки иқтисоду тиҷорат, аз ҷумла баргузории намоишгоҳи навбатии маҳсулоти саноатӣ ва технологияи Чин дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуданд.

Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот ба масъалаҳои ҷалби технологияи чинӣ ба бахши гидроэнергетика, саноати истихроҷӣ кӯҳӣ, саноати сабуку кимиё ва хӯрокворӣ, коркарди комплексии нахи пахта, ашёи хоми чарм, пилла ва нахи пашм таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.

Гуфта мешавад, дар вохӯрии Шариф Саид ва Ся Гуантай ҳамчунин механизм ва шартҳои баргузории Намоишгоҳи универсалии маҳсулоти саноатӣ ва технологияи Чин рӯзҳои 24-26 сентябри соли 2015 ва ҳамоиши тиҷоратии доираҳои соҳибкорӣ ва тиҷоратии Тоҷикистону Чин дар Душанбе низ матраҳ гардиданд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.