Вохӯрии навбатии «онлайн»-и раиси ҲНИТ бо ҳамҳизбиён

Фаъолияти бахшу шуъбаҳои ҳизб дар шаҳру навоҳии кишвар дар ҷаласаи иҷроияи моҳона дар қароргоҳи марказии ҲНИТ бо ширкати Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ тавассути режими “онлайн” мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, ба ҷуз намояндагони вилояти Суғд, дар ҷаласа раисону масъулини бахшҳо ва шуъбаҳо аз шаҳру навоҳии кишвар иштирок доштанд. Муовини раиси […]

Аваз Юлдошев



Фаъолияти бахшу шуъбаҳои ҳизб дар шаҳру навоҳии кишвар дар

ҷаласаи иҷроияи моҳона

дар қароргоҳи марказии ҲНИТ бо ширкати Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ тавассути режими “онлайн” мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, ба ҷуз намояндагони вилояти Суғд, дар ҷаласа раисону масъулини бахшҳо ва шуъбаҳо аз шаҳру навоҳии кишвар иштирок доштанд.

Муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки намояндагони вилояти Суғд ба Раёсати КДАМ-и вилоят даъват шуда, бо ин сабаб дар ин ҷаласа ширкат варзида натавонистанд.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷаласа намояндагони бахшҳои ҳизб дар маҳалҳо ба раиси ҲНИТ дар бораи фишори афзоянда болои ҷонибдорони ҳизб ва оилаҳои онҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ барои сафҳои ҳизбро тарк кардан маълумот доданд.

«Мо ба М.Кабирӣ маълумот додем, ки ҳамаи шахсоне, ки таҳти фишор сафҳои ҳизбро тарк гуфтанд, ошкору кушода бо мо кор мекунанд ва ғайр аз ин, тайи 10 рӯзи ахир беш аз 50 нафар аъзои нав ба сафҳои ҳизби мо пайвастанд», – таъкид дошт Ҳайит.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки дар фарҷоми кори ҷаласа М. Кабирӣ баромад намуда, аз масъулин ва аъзои ҳизб барои сабру таҳаммул ва пуштибониву ҷонибдории ҳамаҷонибаи сиёсати роҳбарияти ҳизб изҳори сипос гуфт ва ҳамчунин аз иқдомҳои амалӣ барои ҷилавгирӣ аз қонуншиканиҳо ва фишор болои аъзои ҳизб ёд карда, дар чаҳорчӯби Сарқонуни ҶТ ва қонунгузории кишвар идомаи онро ба манфиат донист.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.