Тоҷикистону Кувайт реҷаи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатиро бекор карданд

Рӯзи 30 июни соли 2015 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, махсус ва хизматӣ аз байн бардошта шуд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, Созишномаи байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Давлати Кувайт оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, махсус ва хизматӣ, ки 23 июни […]

ASIA-Plus



Рӯзи 30 июни соли 2015 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, махсус ва хизматӣ аз байн бардошта шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, Созишномаи байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Давлати Кувайт оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, махсус ва хизматӣ, ки 23 июни соли 2013 дар ш. Кувайт ба имзо расидааст, аз 11 марти соли 2014 эътибор пайдо намуд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Кувайт оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, махсус ва хизматӣ аз 23 июни соли 2013, ки 23 ноябри соли 2014 дар шаҳри Кувайт ба имзо расидааст, аз 30 июни соли 2015 эътибор пайдо кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.