18 задухӯрди мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Афғонистон тӯли ним сол



Нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон бо қочоқбарони маводи нашъаовар ва марзшиканон 18 задухӯрди мусалаҳҳона ба вуқӯъ пайваст.

Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсола зикр шуд, ки дар ин давра 6 кӯшиши убури марз ба қайд гирифта шуда, 9 қочоқбари нашъа боздошт ва 11 марзшикан несту нобуд шуда, 1 сарҳадшикан захмӣ шудааст.

Таъкид шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби марзбонон 13 адад силоҳи оташфишон ва 520 адад муҳимоти гуногуни ҷангӣ мусодира шудааст.

Дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ марзбонони тоҷик аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 657 кило маводи нашъаовар, аз ҷумла ҳудуди 46 кило героин, 255 кило афюн, 356 кило маводи мухаддири гурӯҳи каннабисро мусодира ва наздики 260 ҳазор бех ниҳоли бангдонаро решакан карданд.

Тӯли ним сол 62 далели марзшиканӣ ва 44 ҳодисаи риоя нашудани реҷаи сарҳадбонӣ ба қайд гирифта шуда, 54 марзшикан ва 81 афроди реҷаи сарҳадбониро вайронкарда боздошт шудаанд.

Дар ин давра ба равуои беш аз 1,3 млн. нафар ва зиёда аз 108,5 ҳазор адад воситаҳои нақлиёт тариқи марз иҷозат дода шуда, 44 нафар вайронкунандагони реҷаи сарҳадбонӣ боздошт шудаанд.

Нимсолаи аввал марзбонони тоҷик дар ҳамдастӣ бо дигар сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ 32 амалиёти махсус гузаронидаанд.

Дар ҷаласаи ҳайати мушовара ҳамчунин аз камбуду норасоиҳои ҷудогона дар фаъолияти Сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ сухан рафта, тадбирҳои минбаъдаи бартараф сохтани онҳо муайян карда шуданд.

spot_imgspot_img

Популярное