18 задухӯрди мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Афғонистон тӯли ним сол

Нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон бо қочоқбарони маводи нашъаовар ва марзшиканон 18 задухӯрди мусалаҳҳона ба вуқӯъ пайваст. Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсола зикр шуд, ки дар ин давра 6 кӯшиши убури марз ба қайд гирифта шуда, 9 қочоқбари нашъа боздошт ва 11 […]

Пайрав Чоршанбиев



Нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон бо қочоқбарони маводи нашъаовар ва марзшиканон 18 задухӯрди мусалаҳҳона ба вуқӯъ пайваст.

Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсола зикр шуд, ки дар ин давра 6 кӯшиши убури марз ба қайд гирифта шуда, 9 қочоқбари нашъа боздошт ва 11 марзшикан несту нобуд шуда, 1 сарҳадшикан захмӣ шудааст.

Таъкид шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби марзбонон 13 адад силоҳи оташфишон ва 520 адад муҳимоти гуногуни ҷангӣ мусодира шудааст.

Дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ марзбонони тоҷик аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 657 кило маводи нашъаовар, аз ҷумла ҳудуди 46 кило героин, 255 кило афюн, 356 кило маводи мухаддири гурӯҳи каннабисро мусодира ва наздики 260 ҳазор бех ниҳоли бангдонаро решакан карданд.

Тӯли ним сол 62 далели марзшиканӣ ва 44 ҳодисаи риоя нашудани реҷаи сарҳадбонӣ ба қайд гирифта шуда, 54 марзшикан ва 81 афроди реҷаи сарҳадбониро вайронкарда боздошт шудаанд.

Дар ин давра ба равуои беш аз 1,3 млн. нафар ва зиёда аз 108,5 ҳазор адад воситаҳои нақлиёт тариқи марз иҷозат дода шуда, 44 нафар вайронкунандагони реҷаи сарҳадбонӣ боздошт шудаанд.

Нимсолаи аввал марзбонони тоҷик дар ҳамдастӣ бо дигар сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ 32 амалиёти махсус гузаронидаанд.

Дар ҷаласаи ҳайати мушовара ҳамчунин аз камбуду норасоиҳои ҷудогона дар фаъолияти Сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ сухан рафта, тадбирҳои минбаъдаи бартараф сохтани онҳо муайян карда шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.