ВКД қотилони майори милисаро ҷустуҷӯ дорад



Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз рӯи далели кушта шудани майори милиса Бахтиёр Нарзуллоеви 35-сола парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Корманди маркази матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд Акбар Шарифов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки шаби 13 июл дар ноҳияи Шаҳристон ба корманди шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Шуъбаи ВКД дар шаҳри Истаравшан бо корд якчанд зарбаи марговар задаанд.

Бино ба маълумоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд, айни замон дар ҷойи ин ҳодиса гурӯҳи тафтишотӣ машғули таҳқиқ мебошанд.

spot_imgspot_img

Популярное