«Амонатбонк» масъалаи ихтисори кормандонашро баррасӣ дорад

Айни замон дар Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» масъалаи тағйири сохтори бонк ва ихтисори шумори кормандони ин муассиса мавриди баррасӣ қарор дорад. Зимни нишасти хабарии рӯзи 14 июл раиси «Амонатбонк» Руҳулло Ҳакимзода дар ин робита изҳор намуд, ки феълан рӯйи ин масъала корҳои зарурӣ ҷараён дошта, пас аз анҷоми пурра ва хулосагирӣ, ҷузъиёти он шарҳу […]

Пайрав Чоршанбиев



Айни замон дар Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» масъалаи тағйири сохтори бонк ва ихтисори шумори кормандони ин муассиса мавриди баррасӣ қарор дорад.

Зимни нишасти хабарии рӯзи 14 июл раиси «Амонатбонк» Руҳулло Ҳакимзода дар ин робита изҳор намуд, ки феълан рӯйи ин масъала корҳои зарурӣ ҷараён дошта, пас аз анҷоми пурра ва хулосагирӣ, ҷузъиёти он шарҳу тавзеҳ ва эълон хоҳад шуд.

Ҳакимзода қайд кард, ки айни замон дар сохторҳои «Амонатбонк» 2 ҳазору 868 нафар кормандон фаъолият дошта, феълан дар саросари кишвар «Амонатбонк» дорои 75 филиал, 513 маркази хизматгузории бонкӣ, 228 нуқтаи интиқоли маблағ ва 66 нуқтаи мубодилаи асъор мебошад.

«Бо мақсади бҳтар кардани сифати хизматгузорӣ ва пешгирии амалҳои коррупсионӣ ҷойивазкунии кормандони ҳайати раҳбарии бонк гузаронида мешавад. Нимсолаи аввали соли равон 55 нафар кормандони ҳайати раҳбарии бонк ба вазифаҳои дигар гузаронида шуданд», – иброз дошт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки аввали ҳамин моҳ Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи сохтори нави бонк ва дар ин робита ихтисор шудани қариб 200 нафар кормандонаш хабар дода буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Ҷумҳурӣ воқеан метавонад дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир бошад, аммо ин ҷо як нозукӣ вуҷуд дорад...

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.