Баъди ду сол «Амонатбонк» соҳиби бинои нав мешавад

Раиси Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» Руҳулло Ҳакимзода рӯзи 14 июл дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор намуд, ки сохтмони бинои нави «Амонатбонк» соли 2017 ба итмом мерасад. Ба гуфтаи ӯ, маросими оғози сохтмони бинои нави бонк бо иштироки президенти мамлакат доир гардида,  айни замон сохтмони таҳкурсии он ба анҷом расидааст. «Барои сохтмони бинои нави бонк беш […]

Пайрав Чоршанбиев



Раиси Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» Руҳулло Ҳакимзода рӯзи 14 июл дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор намуд, ки сохтмони бинои нави «Амонатбонк» соли 2017 ба итмом мерасад.

Ба гуфтаи ӯ, маросими оғози сохтмони бинои нави бонк бо иштироки президенти мамлакат доир гардида,  айни замон сохтмони таҳкурсии он ба анҷом расидааст. «Барои сохтмони бинои нави бонк беш аз 96 млн. сомонӣ маблағ зарур аст», – гуфт ӯ.

Руҳулло Ҳакимзода таъкид дошт, ки барои ҷалби воситаҳои қарзӣ ба сохтмони бинои нави бонк бо Бонки давлатии рушди Чин гуфтушунид ҷараён дошта, ҳамчунин бо ин мақсад харҷи воситаҳои худи бонк низ пешбинӣ шудааст. «Ба сохтмони бинои нави «Амонатбонк» корхонаҳои ватанӣ машғуланд», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.