Ҷасади боз як сарбози кушташударо ба хонааш оварданд

Рӯзи 13 июл аз маҳалли Сағирдашти ноҳияи Дарвози ВМКБ ҷасади боз як сарбозро ба ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд оварданд. Ин ҷо дар бораи сарбоз Парвиз Дӯстматови 20-сола сухан меравад, ки ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ рафта, дар ин мавзеъ хизмат мекард ва то анҷоми муҳлати хизматаш 8 моҳ боқӣ монда буд. Ба гуфтаи […]

Аъзам Аҳруллоев



Рӯзи 13 июл аз маҳалли Сағирдашти ноҳияи Дарвози ВМКБ ҷасади боз як сарбозро ба ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд оварданд.

Ин ҷо дар бораи сарбоз Парвиз Дӯстматови 20-сола сухан меравад, ки ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ рафта, дар ин мавзеъ хизмат мекард ва то анҷоми муҳлати хизматаш 8 моҳ боқӣ монда буд.

Ба гуфтаи хешу табор ва наздикони Парвиз, ҳангоми тановули хӯроки нисфирӯзӣ як ҳамхизматаш бо корд ба Парвиз дарафтодааст, вале аз ҷузъиёти ин ҳодиса алҳол маълумот дастрас нест.

Абдуқаюм Исматов, раиси маҳаллаи Домулло Азизови ҷамоати Хистеварз ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки нисбати ҳамхизмате, ки аз дасти ӯ Парвиз ба ҳалокат расидааст, парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 6 июл низ ба ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷасади Абдуваҳҳоб Қаюмов оварда шуда буд. Хешу табор ва наздикони сарбоз бар ин назаранд, ки ӯ 

аз падидаи бузургсолорӣ (дедовшина) дар артиш ва лату кӯб

 ба ҳалокат расидааст.

Аз Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон

итттилоъ дода буданд,

ки аз рӯи далели марги Абдуваҳҳоб Қаюмов, ки дар дар қисми ҳарбии 2747-и дастаи марзбонии Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ хизмат мекард, дар прокуратураи ҳарбии гарнизони Хатлон парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.