Истиқболи Тоҷикистон аз созиш оид ба барномаи ҳастаии Эрон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Эрон доктор Ҳасани Рӯҳонӣ дар робита хабари ба тавофуқ расидани Ҷумҳурии Исломии Эрон ва гурӯҳи «5+1» оид ба барномаи ҳастаии ин кишвар барқияи табрикӣ ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла зикр мегардад: «Пирӯзии афкори созанда дар ин мавзӯъ дарвоқеъ зафар […]

ASIA-Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Эрон доктор Ҳасани Рӯҳонӣ дар робита хабари ба тавофуқ расидани Ҷумҳурии Исломии Эрон ва гурӯҳи «5+1» оид ба барномаи ҳастаии ин кишвар барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла зикр мегардад: «Пирӯзии афкори созанда дар ин мавзӯъ дарвоқеъ зафар ёфтани ақлу заковат ва тафаккури инсонист, ки он на танҳо ба нафъи Эрони бародар, балки ба манфиати тамоми минтақа аст ва ба мардумони соҳати паҳновари он ва ҳамаи бани Одам зиндагии орому осоишта, пешрафту тараққӣ ва ояндаи хубу осмони беғуборро таъмин мекунад».

Президенти Тоҷикистон мардуми Эронро бо ин дастоварди бузург табрику таҳният гуфта, ба кишвари бародар ва мардуми он амну амонӣ ва рифоҳу саодат орзу намуд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон тавофуқи Эрон ва  кишварҳои 5+1-ро дастоварди таърихӣ ва пирӯзии иқдомҳои хирадмандона ва дипломатияи созандаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҷонибҳои алоқаманд арзёбӣ кард.

«Мо ин тавофуқ ва комёбиро ба роҳбарият ва мардуми шарифи Эрон ва инчунин кишварҳои гурӯҳи 5+1 самимона табрик мегӯем, – омадааст дар изхороти ВКХ Тоҷикистон дар ин робита. – Аз нахустин рӯзҳои музокироти атомии Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ мо бар ин мавқеъ будем, ки мусоламат, ҳамкорӣ, ҳамоҳангӣ ва эҳтиром бар ҳуқуқу манофеи ҳамдигар заминаи мустаҳкам ва умедбахш дар ин раванд аст».

ВКХ Тоҷикистон изҳори бовар мекунад, ки  тасмимҳое, ки дар натиҷаи музокирот дар Вена рӯзи 14 июли соли 2015 гирифта шуданд, ба рушди беш аз пеши Эрон ва таъмини амният дар минтақа ва ҷаҳон мусоидат намуда,  фасли наверо дар тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ хоҳанд кушод.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 14 июл зимни гуфтушунидҳо дар Вена Эрон ва гурӯҳи «панҷ ба изофаи як» дар мавриди созиши ниҳоӣ оид ба барномаи ҳастаии Теҳрон

ба мувофиқа расиданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.