Душанбе ба ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои СААД омодагӣ мегирад



Таҳти раёсати раиси ҳайати мушовара вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 16 июли соли 2015 ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати корҳои хориҷии ҶТ баргузор гардид, ки дар он фаъолияти Вазорат дар шаш моҳи соли 2015 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидӣ роҷеъ ба фаъолияти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ дар нимсолаи аввали соли 2014 суханронӣ намуда, ҳисоботи роҳбарони як қатор раёсатҳо низ шунида шуданд.

Вазири корҳои хориҷӣ ҷиҳати анҷоми корҳои лозима барои баргузории чорабиниҳои вобаста ба сафарҳои дар пешистодаи меҳмонони олиқадр ба Тоҷикистон, инчунин сафарҳои ҳайатҳои Тоҷикистон ба хориҷи кишвар супоришҳои мушаххас дод. Таваҷҷуҳи махсус ба Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СААД ва Ҷаласаи сарони ҳукуматҳои ИДМ, ки тирамоҳи соли 2015 дар шаҳри Душанбе доир мегарданд, зоҳир карда шуд.

Нақшаи фаъолияти Вазорат дар шашмоҳаи дуюми соли 2015 дар ҷаласаи Ҳайати Мушовара муҳокима ва тасдиқ гардид.

Дар анҷом вазири корҳои хориҷӣ ҷиҳати таҳкими фаъолияти намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷа ва дастгоҳи марказӣ  супоришҳои мушаххас дод.

Қобили зикр аст, ки Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев низ зимни як ҷаласаи мақомоти шаҳрдорӣ пойтахт оид ба омодакунии пойтахт ба баргузор намудани нишасти сарони кишварҳои узви СААД, ки рӯзҳои 14-15 сентябр дар шаҳри Душанбе доир мегардад,

дастурҳо дода буд.

spot_imgspot_img

Популярное