Душанбе ба ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои СААД омодагӣ мегирад

Таҳти раёсати раиси ҳайати мушовара вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 16 июли соли 2015 ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати корҳои хориҷии ҶТ баргузор гардид, ки дар он фаъолияти Вазорат дар шаш моҳи соли 2015 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидӣ роҷеъ ба фаъолияти […]

ASIA-Plus



Таҳти раёсати раиси ҳайати мушовара вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 16 июли соли 2015 ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати корҳои хориҷии ҶТ баргузор гардид, ки дар он фаъолияти Вазорат дар шаш моҳи соли 2015 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидӣ роҷеъ ба фаъолияти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ дар нимсолаи аввали соли 2014 суханронӣ намуда, ҳисоботи роҳбарони як қатор раёсатҳо низ шунида шуданд.

Вазири корҳои хориҷӣ ҷиҳати анҷоми корҳои лозима барои баргузории чорабиниҳои вобаста ба сафарҳои дар пешистодаи меҳмонони олиқадр ба Тоҷикистон, инчунин сафарҳои ҳайатҳои Тоҷикистон ба хориҷи кишвар супоришҳои мушаххас дод. Таваҷҷуҳи махсус ба Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СААД ва Ҷаласаи сарони ҳукуматҳои ИДМ, ки тирамоҳи соли 2015 дар шаҳри Душанбе доир мегарданд, зоҳир карда шуд.

Нақшаи фаъолияти Вазорат дар шашмоҳаи дуюми соли 2015 дар ҷаласаи Ҳайати Мушовара муҳокима ва тасдиқ гардид.

Дар анҷом вазири корҳои хориҷӣ ҷиҳати таҳкими фаъолияти намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷа ва дастгоҳи марказӣ  супоришҳои мушаххас дод.

Қобили зикр аст, ки Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев низ зимни як ҷаласаи мақомоти шаҳрдорӣ пойтахт оид ба омодакунии пойтахт ба баргузор намудани нишасти сарони кишварҳои узви СААД, ки рӯзҳои 14-15 сентябр дар шаҳри Душанбе доир мегардад,

дастурҳо дода буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.