Мушовири Муҳиддин Кабирӣ ба 5 соли зиндон маҳкум шуд



Суди ноҳияи Ҳисор мушовири раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Ҷалолиддин Маҳмудовро гунаҳкор эътироф намуда, ба панҷ соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Зарафо Раҳмонӣ, адвокати судшаванда ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Маҳмудов мутобиқи моддаи 195 (Ғайриқонунӣ соҳиб шудан,  ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан,  нигоҳ доштан, интиқол додан гирифта гаштани яроқ,  лавозимоти ҷангӣ,  моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш) гунаҳкор дониста шуда, дар ҷараёни тафтишот қисми сеюми ин модда низ ба айбнома илова карда шуд. «Ин ба он марбут аст, ки ташхиси доиргардида ҷангиву коршоям будани 31 тир аз 51 тири дарёфтшударо нишон дод», – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи адвокат, дар сухани ниҳоии худ Маҳмудов аз суд дархост намудааст, ки нисбати ӯ ҳукми беғаразона содир шавад. «Ба наздикӣ ман бо зерҳимояам вохӯрда, танҳо баъди ин дар бораи пешниҳоди шикояти кассатсионӣ ба зинаҳои болоии мақомоти судӣ тасмим гирифта хоҳад шуд», – афзуд номбурда.

Ёдрас мекунем, ки Ҷамолиддин Маҳмудов рӯзи 10 феврали соли 2015 ба гумони даст доштан дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани аслиҳа аз ҷониби кормандони сохторҳои қудратӣ боздошт шуда, рӯзи дигар Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ин робита 

изҳорот интишор кард.

Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ низ ба журналистон 

тасдиқ намуда буд,

 ки яке аз таппончаҳои дар манзили шаҳрванд Латиф Сардоров дарёфтшуда аз ҷониби кормандони КДАМ ҳақиқатан ҳам ба узви КМИР Тоҷикистон аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Ҷамолиддин Маҳмудов тааллуқ дорад.

spot_imgspot_img

Популярное