Мушовири Муҳиддин Кабирӣ ба 5 соли зиндон маҳкум шуд

Суди ноҳияи Ҳисор мушовири раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Ҷалолиддин Маҳмудовро гунаҳкор эътироф намуда, ба панҷ соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Зарафо Раҳмонӣ, адвокати судшаванда ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Маҳмудов мутобиқи моддаи 195 (Ғайриқонунӣ соҳиб шудан,  ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан,  нигоҳ доштан, интиқол додан гирифта гаштани […]

ASIA-Plus



Суди ноҳияи Ҳисор мушовири раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Ҷалолиддин Маҳмудовро гунаҳкор эътироф намуда, ба панҷ соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Зарафо Раҳмонӣ, адвокати судшаванда ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Маҳмудов мутобиқи моддаи 195 (Ғайриқонунӣ соҳиб шудан,  ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан,  нигоҳ доштан, интиқол додан гирифта гаштани яроқ,  лавозимоти ҷангӣ,  моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш) гунаҳкор дониста шуда, дар ҷараёни тафтишот қисми сеюми ин модда низ ба айбнома илова карда шуд. «Ин ба он марбут аст, ки ташхиси доиргардида ҷангиву коршоям будани 31 тир аз 51 тири дарёфтшударо нишон дод», – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи адвокат, дар сухани ниҳоии худ Маҳмудов аз суд дархост намудааст, ки нисбати ӯ ҳукми беғаразона содир шавад. «Ба наздикӣ ман бо зерҳимояам вохӯрда, танҳо баъди ин дар бораи пешниҳоди шикояти кассатсионӣ ба зинаҳои болоии мақомоти судӣ тасмим гирифта хоҳад шуд», – афзуд номбурда.

Ёдрас мекунем, ки Ҷамолиддин Маҳмудов рӯзи 10 феврали соли 2015 ба гумони даст доштан дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани аслиҳа аз ҷониби кормандони сохторҳои қудратӣ боздошт шуда, рӯзи дигар Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ин робита 

изҳорот интишор кард.

Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ низ ба журналистон 

тасдиқ намуда буд,

 ки яке аз таппончаҳои дар манзили шаҳрванд Латиф Сардоров дарёфтшуда аз ҷониби кормандони КДАМ ҳақиқатан ҳам ба узви КМИР Тоҷикистон аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Ҷамолиддин Маҳмудов тааллуқ дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.