Зимни суханронӣ дар кори мизи мудаввар таҳти унвони «Гузориши универсалии марҳилавӣ ҳамчун воситаи пешбурди озодии баён дар Тоҷикистон» раиси Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) Нуриддин Қаршибоев изҳор намуд, ки дар робита ба буҳрони иқтисодӣ, айни замон васоити ахбори умуми ҷумҳурӣ замони мушкилеро паси сар мекунанд.
«Тибқи арзёбии иштирокчиёни бозори расонаҳои хабарӣ, як қатор васоити ахбори умум метавонанд барҳам дода шаванд. Айни замон САҲА имкони расонидани кумаки техникӣ ба ВАО-и чопӣ ва электронии Тоҷикистон баррасӣ дорад», – гуфт ӯ.
Қобили зикр аст, ки мизи гирди мазкур дар доираи лоиҳаи «Ҳимоят аз озодии баён дар Осиёи Марказӣ» доир мегардад, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Норвегия дастгирӣ ёфтааст. Дастандаркорони чорабинӣ созмони байнулмилалии «Артикль 19» ва АМВАОМТ мебошанд.





