Дар қитъаи баҳсноки марзи Тоҷикистону Қирғизистон шаб ором сипарӣ шуд



Аз нимаи дуюми рӯзи 4 август дар қитъаи Исфараи марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки муддати ду рӯз пайдарҳам миёни шаҳрвандони ҳарду кишвар муноқишаҳо рух доданд, вазъ амну ором аст. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Исфара хабар дод.

Бино ба гуфтаи манбаъ, макони муноқиша таҳти назорату посбонии сохторҳои қудратии ҳарду кишвар қарор дорад. «Шараф Файзуллоев, сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон субҳи имрӯз ба Исфара омад. Роҳбари Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шариф Назаров низ дар ҷойи ҳодиса ҳузур дорад», – иброз дошт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки дар

изҳороти хадамоти матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон

дар ин робита қайд шуда буд, ки санаи 4 август соати 12.30 аз ҷониби сокинони маҳаллаи Кок-Тоши ҷамоати Оқсойи ноҳияи Боткони Ҷумҳурии Қирғизистон истифодабарии силоҳи оташфишон (яроқи шикорӣ) ва “коктейлҳои Молотов” ба сӯи сокинони ҷамъшудаи маҳаллаи Сомониён ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа 6 нафар захмӣ гардида, айни замон 2 нафари онҳо бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхонаи маҳалаи Наймани ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара бистарӣ карда шуданд.

Дар ҳамин ҳол, Хадамоти давлатии сарҳадбонии Қирғизистон 

изҳор медорад

 , ки ҳангоми муноқиша марзбонони қирғиз аз силоҳ истифода накардаанд. Гуфта мешавад, айни замон вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон таҳти назорати мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳарду кишвар қарор дорад.

spot_imgspot_img

Популярное