Дар қитъаи баҳсноки марзи Тоҷикистону Қирғизистон шаб ором сипарӣ шуд

Аз нимаи дуюми рӯзи 4 август дар қитъаи Исфараи марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки муддати ду рӯз пайдарҳам миёни шаҳрвандони ҳарду кишвар муноқишаҳо рух доданд, вазъ амну ором аст. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Исфара хабар дод. Бино ба гуфтаи манбаъ, макони муноқиша таҳти назорату посбонии сохторҳои қудратии ҳарду кишвар қарор […]

Аваз Юлдошев



Аз нимаи дуюми рӯзи 4 август дар қитъаи Исфараи марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки муддати ду рӯз пайдарҳам миёни шаҳрвандони ҳарду кишвар муноқишаҳо рух доданд, вазъ амну ором аст. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Исфара хабар дод.

Бино ба гуфтаи манбаъ, макони муноқиша таҳти назорату посбонии сохторҳои қудратии ҳарду кишвар қарор дорад. «Шараф Файзуллоев, сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон субҳи имрӯз ба Исфара омад. Роҳбари Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шариф Назаров низ дар ҷойи ҳодиса ҳузур дорад», – иброз дошт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки дар

изҳороти хадамоти матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон

дар ин робита қайд шуда буд, ки санаи 4 август соати 12.30 аз ҷониби сокинони маҳаллаи Кок-Тоши ҷамоати Оқсойи ноҳияи Боткони Ҷумҳурии Қирғизистон истифодабарии силоҳи оташфишон (яроқи шикорӣ) ва “коктейлҳои Молотов” ба сӯи сокинони ҷамъшудаи маҳаллаи Сомониён ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа 6 нафар захмӣ гардида, айни замон 2 нафари онҳо бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхонаи маҳалаи Наймани ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара бистарӣ карда шуданд.

Дар ҳамин ҳол, Хадамоти давлатии сарҳадбонии Қирғизистон 

изҳор медорад

 , ки ҳангоми муноқиша марзбонони қирғиз аз силоҳ истифода накардаанд. Гуфта мешавад, айни замон вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон таҳти назорати мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳарду кишвар қарор дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.