Дар муноқиша дар марз Тоҷикистон раҳбарияти маҳаллии Қирғизистонро айбдор медонад



Марзбонони тоҷик дар сар задани муноқиша дар марз бо Қирғизистон раҳбарияти маҳаллии ҷамоати деҳаи Кок-Тоши ноҳияи Боткени кишвари ҳамсояро айбдор медонанд.

Дар изҳороти хадамоти матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон дар ин робиа зикр мегардад, ки санаи 25 июли соли ҷорӣ тахминан соти 11.30 дақиқа якчанд истиқоматкунандагони деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара бо мақсади обёрӣ намудани маҳаллаи номбурда бо оби нӯшокӣ дар наздикии дарёи Исфара ҷамъ омада, қубурҳои обгузар мегузарониданд. Ин ҳангом, истиқоматкунандагони маҳаллаи Кок-Тоши ҷамоати Оқсойи ноҳияи Боткони Ҷумҳурии Қирғизистон аз ин иқдом бохабар шуда, бо сардории яке аз иғвогарони маълум – Роза Усарова, вакили мардумӣ аз маҳаллаи ҷамоати Оқсой ба назди дарёи Исфара ҳозир мешаванд, ки шумораашон тақрибан 130-150 нафарро ташкил медод. Роза Усарова бо ғавғоҳои иғвоангезонааш сокинони маҳаллии қирғизро ба шӯр оварда, ба фоидаи Ҷумҳурии Қирғизистон даровардани роҳи пиёдагарди минтақаи Мазор – оромгоҳи муштараки сокинони деҳаи Сомониёнро ба миён мегузошт.

Баъд аз хархашаҳои дуҷониба, тахминан соати 16.00 ба ҷои муноқиша раиси шаҳри Исфара Зоҳидзода Даврони Абдуқодир ва раиси ноҳияи Боткон Кэниш Салихов ҳозир шуда, вохурии корӣ оид ба масъалаи мазкур доир намуданд ва ба хулоса омаданд, ки то санаи 28 июл тартиби гузаронидани қубурҳоро ҳал менамоянд.

Қобили зикр аст, ки то ҳол масъалаи бамиёномада ҳали худро наёфта, ба ҷои ҳодиса аз ҳар ду тараф сокинони маҳалӣ ҷамъ меоянд ва муқобили якдигар сангпартоӣ мекунанд.

Дар ин раванд, санаи 4 август соати 12.30 аз ҷониби сокинони маҳаллаи Кок-Тоши ҷамоати Оқсойи ноҳияи Боткони Ҷумҳурии Қирғизистон истифодабарии силоҳи оташфишон (яроқи шикорӣ) ва “коктейлҳои Молотов” ба сӯи сокинони ҷамъшудаи маҳаллаи Сомониён ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа 6 нафар захмӣ гардида, айни замон 2 нафари онҳо бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхонаи маҳалаи Наймани ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара бистарӣ карда шуданд.

Дар ҳамин ҳол, Хадамоти давлатии сарҳадбонии Қирғизистон

изҳор медорад

 , ки ҳангоми муноқиша марзбонони қирғиз аз силоҳ истифода накардаанд. Гуфта мешавад, айни замон вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон таҳти назорати мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳарду кишвар қарор дорад.

spot_imgspot_img

Популярное