Cобиқ пешвои ҷавонони ҲХДТ ба сафҳои «Единая Россия» пайваст



Исфандиёр Абдураҳмонов, ки моҳи апрел аз мансаби пешвои бахши ҷавонони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон – Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан» истеъфо дода буд, ба сафҳои ҳизби ҳокими Русия – «Единая Россия» (Русияи воҳид) пайваст.

Исфандиёр Абдураҳмонов дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» дар ин робита гуфт, ӯ кайҳост, ки шаҳрвандии Русияро ба даст оварда, намехоҳад, ки «аз ҳаёти сиёсии Русия дар канор бошад». Ҳизби «Единая Россия»-ро Абдураҳмонов ҳамчун «ҳизби пурмаҳсул» баҳогузорӣ мекунад.

Қаблан Исфандиёр Абдураҳмонов изҳор дошта буд, ки сабаби истеъфояш аз раисии «Созандагон Ватан», ки муддати се моҳ роҳбари он буд, маҳалгароӣ мебошад, ки дар Кумитаи иҷрияи марказии ҲХДТ ҳукмфармо аст.

«Муддати се моҳ ман софдилона вазифаҳои худро иҷро кардам», – шарҳ дода буд ӯ истеъфояшро. – Бисёриҳо ба ман гуфта буданд, ки истеъфои маро ба пешвои ҳизб нодуруст шарҳ хоҳанд дод, вале ман ҳақиқатро мехоҳам. Агар ба хотири ҳақиқат маро бадном созанд, бигзор ҳамин тавр бошад, вале ман шукуфоии Тоҷикистонро хоҳонам».

Ҳамчунин Исфандиёр Абдураҳмонов

дар муроҷиати видеоии худ

изҳороти собиқ ҳаммаслакони ҳизбии худ вобаста ба истеъфояшро мавриди интиқод қарор дод.

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи апрел пешвои бахши ҷавонони ҲХДТ Исфандиёр Абдураҳмонов, ки аввали моҳи январ ба ин вазифа интихоб шуда буд, 

аз мансабаш истеъфо дод.

Баъдан Шӯрои ташкилоти «Созандагони Ватан» дар робита ба истеъфои пурсарусадои собиқ пешвои худ Исфандиёр Абдураҳмонов 

қарор (резолютия) қабул карда

, дар он собиқ роҳбари худро маҳкум намуд.

spot_imgspot_img

Популярное